Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:126
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:245
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:126
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:8253
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17460
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:6429
mod_vvisit_counterҲамагӣ:358566
We have 44 guests online

Мо дар Facebook



Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун»


Ҷумъаи 27 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд, ки дар кори он аъзои Шӯрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти нерӯгоҳ ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.

Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Read more...

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон


Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой-Конибодом-Исфара, азхудкунии заминҳо дар водии Зарафшон, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани  бонувон, соҳаи кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки таҷдиди роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ҳанӯз моҳи март бо иштироки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Бо фарорасии фасли гармо корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ вусъати тоза пайдо намуд.

Read more...

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ


Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратии  назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ  баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷаласа дар даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ташкилоту муассисаҳои вилоят, ки дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мебаранд, маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд. Тавре аён гардид, айни замон шумораи чунин коргоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар қаламрави вилоят зиёд буда, дар онҳо асосан истеҳсоли лампаҳои каммасраф, маҳсулоти гуногуни сохтмонии нигаҳдорандаи гармӣ, истифодаи самаранок аз нури офтоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Read more...

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд


Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти СуғдНамояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара кормандони бахши ҳарбӣ оид ба расонидани кӯмаки шаҳрвандии назди Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷараёни сафари кориашон пурра ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари корӣ дар шаҳри Исфара санаи 03.12.2014 аз соати 12-00 то соати 16-00 ҷараён гирифт. Сараввал намояндагони Сафорати Амрико аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №67 дар шаҳри Исфара дидан намуда оид ба оғози сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар соли 2015 изҳори омодагӣ намуданд. Read more...

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад


Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад12 ноябри соли 2014 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштарак дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. 10 лоиҳаи навин, ки  дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аз ҷониби ҷ-би Такашӣ КАМАДА, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо дар ҳузури ҷ-би Кентаро СОНОУРА, Муовини вазири парлумонии корҳои хориҷии Ҷопон ба тасвиб расиданд. Ҷ-би Низомиддин ЗОҲИДӢ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон дар маросими мазкур мушорикат дошта чорабиниии мазкурро гиромидошт арз намуд.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ 10 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ  мешаванд, аз ҷумла 5 лоиҳаҳои дар вилояти Суғд: Read more...

Previous
Next
Ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти шӯъбаи дастгирии соҳибкорӣ PDF Print E-mail

Дар вилояти Суғд аз рӯи ҳисоботи Раёсати андози вилоят ба санаи 01.11.2016 сол шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд 29765 нафар буда, ҳамин нишондиҳанда дар соли 2015 28335 нафаро дар бар мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1430 нафар зиёд  мебошанд.

Шумораи субъектони тибқи Шаҳодатнома  фаъолят баранда дар давраи ҳисоботи 55323 ададро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаҳои вилоятӣ дар ҳаҷми истеҳсоли саноат ба санаи 01.11.2016сол – 6180,9млн. сомонӣ буда, дар ҳамин давраи соли 2015 1989,2млн. сомониро дар бар гирифта буд, саҳми соҳибкорони хурду миёнаи вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1267,0 млн. сомон ё худ 20,5 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ташкил медиьад.

Бинобар мусоидат намудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба амалӣ шудани ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ, ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиыоматӣ, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншоотҳои муҳим аз тарафи соҳибкорон 277 адад иншоотҳои гуногун ва 66 корхонаву коргоҳҳои нав бо 2000 ҷойи кори доимӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Корхонаҳои таъсис додашуда асосан корхонаҳои соҳаи саноатӣ, масолеҳои сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва коркарди нафтро дар бар гирифта барои таъмини бозори дохилӣ бо маьсулоти истесоли ватанӣ ба воридотивазкунанда мусоидат намудан хизматрасонӣ менамоянд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорони хурду миёна, иттилоотонии онҳо вобаста ба қонунҳои амалкунанда, санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор як қатор чорабиниьо гузаронида шуданд.

Аз ҷумла санаи 26 ферали соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, роҳбарони сохторҳои давлатии вилоят бо зиёда аз 270  нафар соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда  машварати корӣ баргузор гардид.

Аз тарафи соҳибкорони саховатманд дар соли 2016 барои дастгирии оилаҳои ниёзманд 1050 нафар кӯдакон хатнатӯйи карда шуда, 22 ҷуфт тӯйи арӯсиву домодӣ гузаронида шуд.

Баҳри иттилоотонии соҳибкорон оид ба масъалаҳои ташкил ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бо истифода аз имкониятҳои муосири иттилоотӣ дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят соминаи интернетӣ www.sugdinvest.tj амал мекунад, ки дар он фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати ҳамкорӣ бо соҳибкорон, ташкил ва гузаронидани вохӯриҳои соҳибкорон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқцӣ вобаста ба масъалаҳои соҳибкорӣ инъикос карда мешавад.

 
Ҳисоботи шӯъбаи идораи амволи давлатӣ PDF Print E-mail

Дар давраи ҳисоботӣ шӯъбаи идораи амволи давлатии Раёсат баҳри иҷроиши Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557 «Дар бораи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷодаи хусусигардонӣ ва оқилона истифодабарии моликияти давлатӣ, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, як миқдор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар миқёси вилоят фурӯши амволи давлатӣ тавассути Биржаи молу мулки вилоят тариқи музояда амалӣ гардида, дар натиҷа дар 14 музоядаҳо 62 адад объектҳои хурду миёна ва 11 адад воситаҳои техникиву нақлиётӣ ба маблағи умумии 1562418 сомонӣ фурӯхта шуда, аз ин маблағ 1189984 сомониаш ба буҷаҳои дахлдор ворид карда шудааст ва ин равиш давом дода истодааст.

Дар миқёси вилоят ба иҷора супоридани амволи давлатӣ аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру ноҳияҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора» ва қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ба роҳ монда шуда, дар ин давра аз ҷониби Раёсат 4 маротиба озмуни ба иҷора супоридани биною иншоотҳои давлатӣ ва масоъатҳои холии мавриди истифодаи мақсаднок қарор нагирифта гузаронида шуд.

Мутобиқи маълумотҳо дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 874 адад шартномаьои иҷора бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ баста шуда аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 2419229 сомонӣ маблағ ворид карда шуд.

Дар давраи ҳисоботи ба унвони шӯъба 675 адад мактубу дархостҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ворид гашта, онҳо тибқи тартиб ва мӯҳлати муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷавобҳои хаттӣ ирсол карда шудааст. Баҳри сифатнок баррасӣ намудани арзу дархостҳо кормандони шӯъба ба шаҳру ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Ғончӣ, Панҷакент, Спитамен, Зафаробод Истиқлол ва Бӯстону, Гулистон сафари корӣ доштанд.

Ҳамчунин аз ҷониби кормандони шӯъба, тибқи Нақшаю чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба омодагӣ ва гузаронидани Малҷиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» санаи 27 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе барои гузаронидани овоздиҳии ғоибона 12500 дона бюллетенҳои овоздиҳӣ ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокҳмияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуда, дар маҷалҳо овоздиҳии ғоибона ба роҳ монда шуда минбаъд бюлетенҳо ба Комиссияи баҳисобгирии Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК НБО «Роғун» дастрас карда шуд.

Шӯъбаи идораи амволи давлатӣ минбаъд низ корро дар самти фаъолияти худ, аз ҷумла хусусигардонӣ ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ворид намудани маблағ аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ, саривақт баррасӣ намудани муроиати шаҳрвандон ва дастуру супоришҳои роҳабрияти вилоят ва сардори Раёсат чораҳои амалӣ меандешад.

 
Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» PDF Print E-mail

Ҷумъаи 27 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд, ки дар кори он аъзои Шӯрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти нерӯгоҳ ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.

Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Read more...
 
<< Start < Prev 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Next > End >>

Page 1 of 12

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla