дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Санҷиши техникӣ

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд



Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Суғд

Харитаи сармоягузорӣ

Wednesday, 02 September 2020 00:00

Маълумоти умумӣ

Written by 
Rate this item
(0 votes)

Маълумоти умумӣ

Вилояти Суғд имрӯз як минтақаи босуръат рушдёбандаи Тоҷикистон мебошад, ки дар он беш аз 2,7 миллион нафар зиндагӣ мекунад. Вилоят дорои рушди мунтазами иқтисодиёт, истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, роҳҳои нақлиёт ва хизматрасонии муосири сайёҳӣ мебошад.

Вилояти Суғд – вилояти маъмурӣ дар таркиби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи қадима ва мавқеъи ҷуғрофӣ мебошад. Аз лиҳози ҷойгиршавии мусоиди худ вилояти Суғд ҳамчун дарвозаи тиҷоратии шимолии Тоҷикистон ва дурдонаи водии Фарғона машҳур аст. Аз ҳудуди вилояти Суғд ҳамаи системаҳои ҳаётбахшандаи водии Фарғона мегузарад. Инҳо роҳҳои оҳан, шабакаи газии байниҷумҳуриявӣ, хатҳои баландшиддати барқӣ ва роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалидошта мебошанд.

Масоҳати вилоят 25,400 км² мебошад. Дар вилояти Суғд 8 шаҳр, 14 ноҳия вуҷуд дорад. Маркази маъмурӣ шаҳри Хуҷанд мебошад.

Read 58 times Last modified on Wednesday, 11 November 2020 17:22

Leave a comment

Make sure you enter the (*) required information where indicated. HTML code is not allowed.