Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ PDF Печать E-mail

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратии  назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ  баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷаласа дар даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ташкилоту муассисаҳои вилоят, ки дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мебаранд, маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд. Тавре аён гардид, айни замон шумораи чунин коргоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар қаламрави вилоят зиёд буда, дар онҳо асосан истеҳсоли лампаҳои каммасраф, маҳсулоти гуногуни сохтмонии нигаҳдорандаи гармӣ, истифодаи самаранок аз нури офтоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Дар кори ҷаласа асосан се масъала, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фаъолияти Шӯро, вазъ ва дурнамои истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар вилояти Суғд ва муайянсозии масъалаи асосиии рӯзномаи ҷаласаи ҳафтуми Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар ҷараёни он роҳбарони сохторҳои вилоятии марбути соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, бизнесассотсиатсияҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Сароғоз роҳбари вилоят зикр дошт, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои машваратӣ дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он тақвияти муносибати сохторҳои хусусӣ ва давлатӣ ва ба ин васила беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Қайд карда шуд, ки таъмини тамоми қаламрави кишвар бо неруи барқ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта дар ин самт як қатор лоиҳаҳои бузург роҳандозӣ карда мешавад. Бунёди нерӯгоҳҳои  «Сангтӯда – 1» ва «Сангтӯда – 2», хатти балндшиддати Ҷануб - Шимол аз ҷумлаи чунин лоиҳаҳо маҳсуб меёбанд. Ҳамзамон дар вилояти Суғд бо ин мақсад давоми чанд соли охир 79 адад нерӯгоҳи хурди обӣ-барқӣ сохта ба истифода дода шуд . Инчунин дар қаламрави вилоят роҳҳои дигари барқароршавандаи энергия аз қабили нерӯи офтоб, шамол, неругоҳҳои хурди обӣ ва ғайра хело зиёд аст.

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Дар идомаи сухан Раиси вилоят афзуд, ки бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ дар вилоят имтиёзҳои гуногун рӯи кор оварда шудааст ва ба ин васила аз оғози сол то ба имруз ба вилоят наздик 230 милион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба бештар мебошад. Дар рафти ҷаласа бо дарназардошти пешниҳоди аъзоёни Шӯро ва тақвияти фаъолияти он доираи аъзоёни Шӯро васеъ карда шуда, ба сафи он намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва  соҳибкорони инфиродӣ шомил гардиданд.

Сипас аз руи масъалаи дуввум оиди вазъ ва дурнамои истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар вилояти Суғд дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Абдуаҳад Қодиров маърӯза кард.

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Дар идомаи ҷаласа иштирокдорон оид ба истифодаи самараноки нерӯи барқ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз қабили офтоб, шамол ва ғайра мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Ҳамин тариқ дар фарҷом масъалаи асосии рӯзномаи навбатии Шӯрои машваратӣ рушди соҳаи тандурустии вилоят қабул гардид.

 

 

 


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla