Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» PDF Печать E-mail

Ҷумъаи 27 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд, ки дар кори он аъзои Шӯрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти нерӯгоҳ ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.

Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Баъди шунидани ҳисоботи солона ва ҳисоботи баҳисобгирии муҳосибавии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2015, хулосаи аудитори ҷамъият ва ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ дар маҷлиси умумии саҳмдорон тариқи овоздиҳӣ ба оинномаи ҶСК «НБО Роғун» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, доир ба интихоби аъзои Шӯрои нозирон, комиссияи тафтишотӣ, комиссияи баҳисобгирии ҶСК «НБО Роғун» ва дар хусуси зиёд намудани сармояи оиномавии ҷамъияти саҳомӣ тариқи варақаҳо овоздиҳӣ гузаронида шуд.

 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla