Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон PDF Печать E-mail

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой-Конибодом-Исфара, азхудкунии заминҳо дар водии Зарафшон, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани  бонувон, соҳаи кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки таҷдиди роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ҳанӯз моҳи март бо иштироки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Бо фарорасии фасли гармо корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ вусъати тоза пайдо намуд.

Маблағи умумии корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар марҳилаи аввали «Лоиҳаи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара»  54 миллион доллари амрикоӣ буда, қисме аз ин маблағҳоро гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил мекунад. Дарозии умумии роҳи мазкур 68 километр ва паҳноиаш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метр мерасад. Мӯҳлати анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шудааст.

Дар идомаи мулоқот беҳтар намудани ҳолати обрасонӣ дар водии Зарафшон ва азхуднамоии заминҳои нав мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт. Чӣ тавре иттилоъ дода шуд, то соли 2019 дар водии Зарафшон аз ҷумла шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ боз як лоиҳаи дигар  татбиқ карда мешавад, ки дар натиҷа ҳолати обрасонии заминҳои ин минтақа бамаротиб беҳтар хоҳад шуд. Дар ин раванд Раиси вилоят зикр дошт, ки мустаҳкам намудани соҳили дарёи Зарафшон имкон медиҳад ҳазорҳо гектар замин дубора ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ рӯёнида шавад. Дар ҳамин радиф метавон бо захираи обҳои худҷорӣ ва насби қубурҳои зарурӣ дар ноҳияи Шаҳристон ҳазорҳо гектар Â заминҳои навро обёрӣ намуд.

Дар мулоқот омӯзишу роҳандозии лоиҳаи мазкур мувофиқи мақсад арзёбӣ шуд ва дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дигар самтҳои фаъолият аз қабили  кишоварзӣ, дастгирии хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занони хонашин ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карда, барои ҳамкорӣ дар оянда омодагии худро баён доштанд.

 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla