Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд PDF Печать E-mail

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти СуғдНамояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара кормандони бахши ҳарбӣ оид ба расонидани кӯмаки шаҳрвандии назди Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷараёни сафари кориашон пурра ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари корӣ дар шаҳри Исфара санаи 03.12.2014 аз соати 12-00 то соати 16-00 ҷараён гирифт. Сараввал намояндагони Сафорати Амрико аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №67 дар шаҳри Исфара дидан намуда оид ба оғози сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар соли 2015 изҳори омодагӣ намуданд.

Сипас, ҳайати корӣ аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №39 дар ҷамоати деҳоти Лаккон дидан намуданд. Таъмири асосии муассисаи мазкур моҳи июни соли 2014 бо маблағгузории Сафоратхонаи Америка оғоз гардида буд. Айни замон, 40 фоизи корҳои таъмирӣ ба иҷро расонида шудааст.

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти СуғдЗимни боздид аз мактаби мазкур намояндагони Сафоратхона иброз намуданд, ки соли 2015 корҳо идома ва бинои мактаб пурра аз таъмири капитали бароварда хохад шуд.

Ҳайати меҳмононро раиси шаҳри Исфара дар бинои мақомоти иҷроия қабул намуд. Дар вохӯрӣ оид ба дурнамои ҳамкориҳо ибрози назар карда шуд.

Дар охир меҳмонон аз «Равзанаи Амрико», ки бо маблағгузории Сафоратхона соли 2013 дар заминаи МТМУ №2 таъсис дода шуда буд дидан намуда, аз фаъолияти кунунии он ошно гардиданд.


 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla