Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад PDF Печать E-mail

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад12 ноябри соли 2014 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштарак дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. 10 лоиҳаи навин, ки  дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аз ҷониби ҷ-би Такашӣ КАМАДА, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо дар ҳузури ҷ-би Кентаро СОНОУРА, Муовини вазири парлумонии корҳои хориҷии Ҷопон ба тасвиб расиданд. Ҷ-би Низомиддин ЗОҲИДӢ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон дар маросими мазкур мушорикат дошта чорабиниии мазкурро гиромидошт арз намуд.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ 10 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ  мешаванд, аз ҷумла 5 лоиҳаҳои дар вилояти Суғд:

1. «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд» бо ҷ-би Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи  88,341 доллари ИМА ба имзо расид;

2. «Лоиҳаи барқарорсозии шӯъбаи тавлидгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Конибодом» бо ҷ-би Рустам ҚОДИРОВ, муовини раиси ноҳияи Конибодом бо маблағи умумии 100,993 доллари ИМА тасвиб гардид;

3. «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» бо ҷ-би Абдусамад МАННОНЗОДА, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағи 87,585 доллари ИМА имзо гардид;

4. «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ барои 7 макотиби шаҳри Исфара» бо ҷ-би Даврон ЗОҲИДЗОДА, раиси ноҳияи Исфара бо маблағи умумии 88,529 доллари ИМА ба тасвиб расид;

5. «Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ барои рушди зерсохтор дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ» бо ҷ-би Сӯҳроб ОХУНЗОДА, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо маблағи умумии 97,624 доллари ИМА имзо гардид;

Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома хоҳад дод.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳо амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 330 лоиҳаро ба маблағи умумии $26.4 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla