Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:123
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:245
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:123
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:8253
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17457
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:6429
mod_vvisit_counterҲамагӣ:358563
Айни ҳол 41 меҳмонон онлайн

Мо дар Facebook



Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун»

Ҷумъаи 27 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд, ки дар кори он аъзои Шӯрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти нерӯгоҳ ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.

Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Муфассал...

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой-Конибодом-Исфара, азхудкунии заминҳо дар водии Зарафшон, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани  бонувон, соҳаи кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки таҷдиди роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ҳанӯз моҳи март бо иштироки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Бо фарорасии фасли гармо корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ вусъати тоза пайдо намуд.

Муфассал...

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратии  назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ  баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷаласа дар даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ташкилоту муассисаҳои вилоят, ки дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мебаранд, маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд. Тавре аён гардид, айни замон шумораи чунин коргоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар қаламрави вилоят зиёд буда, дар онҳо асосан истеҳсоли лампаҳои каммасраф, маҳсулоти гуногуни сохтмонии нигаҳдорандаи гармӣ, истифодаи самаранок аз нури офтоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти СуғдНамояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара кормандони бахши ҳарбӣ оид ба расонидани кӯмаки шаҳрвандии назди Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷараёни сафари кориашон пурра ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари корӣ дар шаҳри Исфара санаи 03.12.2014 аз соати 12-00 то соати 16-00 ҷараён гирифт. Сараввал намояндагони Сафорати Амрико аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №67 дар шаҳри Исфара дидан намуда оид ба оғози сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар соли 2015 изҳори омодагӣ намуданд. Муфассал...

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад12 ноябри соли 2014 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштарак дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. 10 лоиҳаи навин, ки  дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аз ҷониби ҷ-би Такашӣ КАМАДА, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо дар ҳузури ҷ-би Кентаро СОНОУРА, Муовини вазири парлумонии корҳои хориҷии Ҷопон ба тасвиб расиданд. Ҷ-би Низомиддин ЗОҲИДӢ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон дар маросими мазкур мушорикат дошта чорабиниии мазкурро гиромидошт арз намуд.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ 10 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ  мешаванд, аз ҷумла 5 лоиҳаҳои дар вилояти Суғд: Муфассал...

Previous
Минбаъда
Ташрифи ҳайати расмии намояндагони доираи тичоратии минтақаи Олтойи Федератсияи Русия ба вилояти Суғд PDF Печать E-mail

Ташрифи ҳайати расмии намояндагони доираи тичоратии минтақаи Олтойи Федератсияи Русия ба вилояти СуғдСанаи 27 октябри соли 2014 дар МД «Кохи Матбуот», бо мақсади барпо намудани робитаҳои судманди иқтисодӣ, баргузор намудани ярмарка-намоишгоҳҳо, вохӯриҳои расмӣ, ворид намудани технологияи ҳозиразамон, наздик намудани соҳибкорон, ташкили корхонаҳои муштарак ва дар ин васила рушди воридоту содироти мол дар асоси Созишномаи басташудаи миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва минтақаи Олтои Федератсияи Русия инчунин Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаҳои савдо ва саноати вилояти Суғд ва минтақаи Олтои Федератсияи Русия гузаронида шуд.

Бо роҳбарии Раиси Палатаи савдо ва саноати минтақаи Олтой 7 корхонаи бонуфузи саноатии ин минтақа ҶСП Бийский крупяной комбинат «Наладчик», ҶДММ «Алтай-Занддорн», ҶСП «Петронефть-Бийск», ҶДММ «Алтай-Форест» ва ҶСП «Рубловский завод запасных частей» ташриф оварданд.

Муфассал...
 
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон PDF Печать E-mail

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузоронСанаи 14 октябри соли 2014 дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбади шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур, ки таҳти ҳамоҳангсозии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, зиёда аз 2 ҳазор нафар соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидор, олимону коршиносони варзида, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд, ки зиёда аз 260 нафар аз вилояти Суғд буданд.

Муфассал...
 
Маҷлиси ҷамъбастии дар фаъолияти иқтисодӣ молиявии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар 9 моҳи соли 2014 PDF Печать E-mail

Маҷлиси ҷамъбастии дар фаъолияти иқтисодӣ молиявии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят дар 9 моҳи соли 2014Санаи 29 октябри соли 2014 дар маҷлисгоҳи Сарраёсати молияи вилояти Суғд, маҷлиси ҷамъбастии 9 моҳаи Раёсат баргузор гардид.

Аз тарафи Сардори Раёсат ба мудирони бахшҳо вазифагузориҳои зерин барои 3 моҳи минбаъда дода шуд.

1. Ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Таъмионти оби нӯшокӣ ва санитраия дар води Фарғона», ки аз тарафи оҷонсиии Швейтсариягии тараққиёт ва ҳамкорӣ бояд амалӣ шавад

2. Ҳамкорӣ бо лоиҳаи умумиҷумҳуриявии «Идоракунии захираҳои обӣ дар вилоят Суғд», ки аз тарафи оҷонсиии Швейтсариягии тараққиёт ва ҳамкорӣ бояд амалқ шавад.

Муфассал...
 
<< Ибтидо < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Минбаъда > Интиҳо >>

Страница 4 из 12

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla