Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:107
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:245
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:107
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:8253
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17441
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:6429
mod_vvisit_counterҲамагӣ:358547
Айни ҳол 20 меҳмонон онлайн

Мо дар Facebook



Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун»

Ҷумъаи 27 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд, ки дар кори он аъзои Шӯрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти нерӯгоҳ ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.

Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Муфассал...

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой-Конибодом-Исфара, азхудкунии заминҳо дар водии Зарафшон, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани  бонувон, соҳаи кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки таҷдиди роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ҳанӯз моҳи март бо иштироки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Бо фарорасии фасли гармо корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ вусъати тоза пайдо намуд.

Муфассал...

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратии  назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ  баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷаласа дар даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ташкилоту муассисаҳои вилоят, ки дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мебаранд, маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд. Тавре аён гардид, айни замон шумораи чунин коргоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар қаламрави вилоят зиёд буда, дар онҳо асосан истеҳсоли лампаҳои каммасраф, маҳсулоти гуногуни сохтмонии нигаҳдорандаи гармӣ, истифодаи самаранок аз нури офтоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти СуғдНамояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара кормандони бахши ҳарбӣ оид ба расонидани кӯмаки шаҳрвандии назди Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷараёни сафари кориашон пурра ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари корӣ дар шаҳри Исфара санаи 03.12.2014 аз соати 12-00 то соати 16-00 ҷараён гирифт. Сараввал намояндагони Сафорати Амрико аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №67 дар шаҳри Исфара дидан намуда оид ба оғози сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар соли 2015 изҳори омодагӣ намуданд. Муфассал...

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад12 ноябри соли 2014 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштарак дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. 10 лоиҳаи навин, ки  дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аз ҷониби ҷ-би Такашӣ КАМАДА, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо дар ҳузури ҷ-би Кентаро СОНОУРА, Муовини вазири парлумонии корҳои хориҷии Ҷопон ба тасвиб расиданд. Ҷ-би Низомиддин ЗОҲИДӢ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон дар маросими мазкур мушорикат дошта чорабиниии мазкурро гиромидошт арз намуд.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ 10 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ  мешаванд, аз ҷумла 5 лоиҳаҳои дар вилояти Суғд: Муфассал...

Previous
Минбаъда
Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад PDF Печать E-mail

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад12 ноябри соли 2014 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштарак дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. 10 лоиҳаи навин, ки  дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аз ҷониби ҷ-би Такашӣ КАМАДА, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо дар ҳузури ҷ-би Кентаро СОНОУРА, Муовини вазири парлумонии корҳои хориҷии Ҷопон ба тасвиб расиданд. Ҷ-би Низомиддин ЗОҲИДӢ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон дар маросими мазкур мушорикат дошта чорабиниии мазкурро гиромидошт арз намуд.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ 10 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ  мешаванд, аз ҷумла 5 лоиҳаҳои дар вилояти Суғд:

Муфассал...
 
Ташкили намоишгоҳи махсулоти истеҳсолотчиёни вилояти Суғд дар шаҳри Боткани вилояти Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон PDF Печать E-mail

Ташкили намоишгоҳи махсулоти истеҳсолотчиёни вилояти Суғд дар шаҳри Боткани вилояти Боткани  Ҷумҳурии ҚирғизистонСанаҳои 12-13 ноябри соли ҷори дар доираи лоиҳаи «Муносибатҳои Иқтисодии Миёнмарзӣ»-и Ҷамъияти Олмон оид ба Рушди Байналмиллалӣ бо дастгирии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намоишгоҳи махсулоти истеҳсолотчиёни вилояти Суғд дар шаҳри Боткани вилояти Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил ва гузаронида шуд.

Бояд қайд кард, ки чорабинии мазкур яке аз чорабинихои аввалин баъд аз ба имзо расидани Нақшаи ҳамкорӣ байни вилоятҳои Боткан ва Суғд дар солҳои 2014-2017 мебошад, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастгирӣ карда шуд.

Муфассал...
 
Участие на круглом столе, посвящённом подписанию соглашения между Правительством Российской Федерации и ПРООН по оказанию поддержки для улучшения благосостояния населения 9 районов республики Таджикистан PDF Печать E-mail

Участие на круглом столе, посвящённом подписанию соглашения между Правительством Российской Федерации и ПРООН по оказанию поддержки для улучшения благосостояния населения 9 районов республики ТаджикистанПредставители Исполнительного органа государственной власти Согдийской области: Начальник Управления по инвестициям и управлению государственным имуществом Аловаддин Низомов и заведующий отделом по инвестициям Управления  по инвестициям и управлению государственным имуществом Согдийской области Руслан Шодиев приняли участие на круглом столе, посвящённом подписанию соглашения о начале новой инициативы. Данная встреча проходила в городе Душанбе, 4 ноября 2014, в центральном офисе ПРООН в Республике Таджикистан.

Муфассал...
 
<< Ибтидо < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Минбаъда > Интиҳо >>

Страница 3 из 12

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla