Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:122
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:245
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:122
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:8253
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17456
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:6429
mod_vvisit_counterҲамагӣ:358562
Айни ҳол 40 меҳмонон онлайн

Мо дар Facebook



Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун»

Ҷумъаи 27 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд, ки дар кори он аъзои Шӯрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти нерӯгоҳ ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.

Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Муфассал...

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой-Конибодом-Исфара, азхудкунии заминҳо дар водии Зарафшон, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани  бонувон, соҳаи кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки таҷдиди роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ҳанӯз моҳи март бо иштироки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Бо фарорасии фасли гармо корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ вусъати тоза пайдо намуд.

Муфассал...

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратии  назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ  баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷаласа дар даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ташкилоту муассисаҳои вилоят, ки дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мебаранд, маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд. Тавре аён гардид, айни замон шумораи чунин коргоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар қаламрави вилоят зиёд буда, дар онҳо асосан истеҳсоли лампаҳои каммасраф, маҳсулоти гуногуни сохтмонии нигаҳдорандаи гармӣ, истифодаи самаранок аз нури офтоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти СуғдНамояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара кормандони бахши ҳарбӣ оид ба расонидани кӯмаки шаҳрвандии назди Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷараёни сафари кориашон пурра ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари корӣ дар шаҳри Исфара санаи 03.12.2014 аз соати 12-00 то соати 16-00 ҷараён гирифт. Сараввал намояндагони Сафорати Амрико аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №67 дар шаҳри Исфара дидан намуда оид ба оғози сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар соли 2015 изҳори омодагӣ намуданд. Муфассал...

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад12 ноябри соли 2014 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштарак дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. 10 лоиҳаи навин, ки  дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аз ҷониби ҷ-би Такашӣ КАМАДА, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо дар ҳузури ҷ-би Кентаро СОНОУРА, Муовини вазири парлумонии корҳои хориҷии Ҷопон ба тасвиб расиданд. Ҷ-би Низомиддин ЗОҲИДӢ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон дар маросими мазкур мушорикат дошта чорабиниии мазкурро гиромидошт арз намуд.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ 10 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ  мешаванд, аз ҷумла 5 лоиҳаҳои дар вилояти Суғд: Муфассал...

Previous
Минбаъда
Баргузории форуми инвеститсионӣ дар Исфара PDF Печать E-mail

Баргузории форуми инвеститсионӣ дар ИсфараДар шаҳри Исфара ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013 – 2017» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, ташкилотҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, ҳамчунин доираи васеи бахши хусусӣ Форуми инвеститсионӣ баргузор гардид.

Муфассал...
 
Қоҳир Расулзода сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт PDF Печать E-mail

Қоҳир Расулзода сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфтНимаи дуввуми рӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода Сафири Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаширо ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот густариши равобит миёни Тоҷикистону Ҷопонро мавриди баррасӣ қарор дода, барои вусъати ҳамкориҳо дар оянда изҳори омодагӣ намуданд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ишора ба пешрафтҳои технологии кишвари Ҷопон изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳамкорӣ бо ин кишвари пешрафтаи Осиё ҳамеша омода аст.

Муфассал...
 
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сафири Русия И. С. Лякин-Фролов PDF Печать E-mail

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо  Сафири Русия  И. С. Лякин-ФроловИмрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро, ки бо сафари корӣ ба вилоят ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи мавҷуда дар соҳаҳои гуногун ва роҳҳои таҳкими робитаҳо дар ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қоҳир Расулзода зимни мулоқот аз густариши рӯзафзуни равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Федератсияи Русия изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омода аст барои вусъати ҳамкориҳо дар оянда кӯшиш ба харҷ диҳад.

Муфассал...
 
<< Ибтидо < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Минбаъда > Интиҳо >>

Страница 10 из 12

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla