Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:231
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1088
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:231
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:3362
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3593
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:0
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3593
Айни ҳол 18 меҳмонон онлайн

Мо дар Facebook



Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун»

Ҷумъаи 27 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд, ки дар кори он аъзои Шӯрои нозирон, саҳмдорони ҷамъият аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, роҳбарияти нерӯгоҳ ва намояндагони мақомоти назоратии ҶСК «НБО Роғун» иштирок намуданд.

Мувофиқ ба низомномаи маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ҷаласаи солона таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Муфассал...

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой-Конибодом-Исфара, азхудкунии заминҳо дар водии Зарафшон, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани  бонувон, соҳаи кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд қайд кард, ки таҷдиди роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ҳанӯз моҳи март бо иштироки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. Бо фарорасии фасли гармо корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ вусъати тоза пайдо намуд.

Муфассал...

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратии  назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ  баргузор гардид.

Пеш аз оғози ҷаласа дар даромадгоҳи Кохи Рӯдакӣ ташкилоту муассисаҳои вилоят, ки дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мебаранд, маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд. Тавре аён гардид, айни замон шумораи чунин коргоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар қаламрави вилоят зиёд буда, дар онҳо асосан истеҳсоли лампаҳои каммасраф, маҳсулоти гуногуни сохтмонии нигаҳдорандаи гармӣ, истифодаи самаранок аз нури офтоб ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Муфассал...

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд

Ташрифи намояндагони Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфараи вилояти СуғдНамояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара кормандони бахши ҳарбӣ оид ба расонидани кӯмаки шаҳрвандии назди Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷараёни сафари кориашон пурра ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари корӣ дар шаҳри Исфара санаи 03.12.2014 аз соати 12-00 то соати 16-00 ҷараён гирифт. Сараввал намояндагони Сафорати Амрико аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №67 дар шаҳри Исфара дидан намуда оид ба оғози сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар соли 2015 изҳори омодагӣ намуданд. Муфассал...

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад

Ҳукумати Ҷопон 10 лоиҳаи навро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад ва лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад12 ноябри соли 2014 маросими ба тасвиб расидани созишномаҳои муштарак дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор гардид. 10 лоиҳаи навин, ки  дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ мегарданд, аз ҷониби ҷ-би Такашӣ КАМАДА, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо дар ҳузури ҷ-би Кентаро СОНОУРА, Муовини вазири парлумонии корҳои хориҷии Ҷопон ба тасвиб расиданд. Ҷ-би Низомиддин ЗОҲИДӢ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон дар маросими мазкур мушорикат дошта чорабиниии мазкурро гиромидошт арз намуд.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ 10 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ  мешаванд, аз ҷумла 5 лоиҳаҳои дар вилояти Суғд: Муфассал...

Previous
Минбаъда
Баргузории «Бизнес симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» PDF Печать E-mail

Баргузории «Бизнес симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон»27-28 марти соли 2014 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) дар хамчоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид.

Бизнес Симпозиумро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Марҳабо Ҷабборӣ оғоз намуд.

Ҳадафи асосии Бизнес Симпозиум ташкили равобити корӣ байни соҳибкорзанони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи муаммоҳои асосиву имкониятҳое, ки бо рушди соҳибкории занон вобаста аст, ба ҳисоб меравад.

Муфассал...
 
Истиқлол: корхонаи нави сементбарорӣ бунёд меёбад PDF Печать E-mail

Истиқлол: корхонаи нави сементбарорӣ бунёд меёбадДар шаҳри  Истиқлоли вилояти Суғд соли равон аз тарафи Ҷамъити дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) «Ширкати байналмилалии истеҳсолии «Чжунгтсай Табошар семент» корхонаи нави сементбарорӣ бунёд карда мешавад.

Дар ин бора сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд  Аловаддин Низомов  хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2014 оғоз ёфта, соли 2015 ин иншоот ба кор оғоз менамояд. Хишти ааввали онро бошад Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузошт.

Муфассал...
 
Баргузории Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ PDF Печать E-mail

Баргузории Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Имрӯз, 19 феврал дар маҷлисгоҳи Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубов ҷаласаи панҷуми Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, ки бо ҳузури роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ, намояндагон аз ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ, роҳбарони бизнес- асотсиатсияҳо, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва васоити ахбори омма баргузор гардид, мавзӯи «Таҳлили вазъ, хулоса ва пешниҳодҳо оид ба татбиқи амалии Кодекси нави андоз дар вилояти Суғд» мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Муфассал...
 
<< Ибтидо < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Минбаъда > Интиҳо >>

Страница 8 из 12

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla