Посетители

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:631
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:303
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1940
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2437
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:11790
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:17628
mod_vvisit_counterҲамагӣ:57810
Сейчас на сайте находятся:
 10 гостей на сайте

Мо дар Facebook



Намояндагони вилояти Суғд бо фаъолияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” ва корхонаи “СамАвто” –и вилояти Самарқанд шинос шуданд


Рӯзи 21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ба ноҳияи Паст Дарғом ташриф оварда, бо фаъолияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” шинос шуд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар гармхонаи мазкур бо усули гидропоникӣ помидор истеҳсол ва асосан ба хориҷа содирот карда мешавад.

Тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” дар вилояти Суғд чунин гармхонаҳо ташкил карда шавад.

Сипас, Раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш аз корхонаи “СамАвто” дидан карда, бо ҷараёни истеҳсоли автобус ва автомашинаҳои боркаш шинос шуданд.

 

Манбаъ : Сомонаи расмии Раиси вилояти Суғд

Читать полностью

Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд


Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи дӯстона бо ҳамсоякишварҳо таҳким меёбад.

Аз ҷумла, мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар таърихи муносибатҳои мардумони тоҷику ӯзбек саҳифаи навро боз намуд.

Дар заминаи созишномаҳои ба имзо расонидаи ҷонибҳо равуои сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар осон шуда, муносибатҳои дӯстона рӯз ба рӯз беҳтар гардида истодааст.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ва ташкили намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноативу бозии дустона миёни дастаҳои футболи "Динамо" ва "Хуҷанд" худ гувоҳи он аст, ки марҳилаи нави ҳамкориҳои дӯстона фаро расидааст.

Рӯзи 20 апрел бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуруҳи калони намояндагони вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода озими шаҳри Самарқанд шуд.

Намояндагони вилояти Суғдро дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Ба муносибати ташрифи меҳмонон дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар Самарқанд дар шаҳри Самарқанд бо иштироки санъаткорони вилояти Суғд барномаи калони консертӣ намоиш дода мешавад. Ҳамзамон миёни доираҳои тиҷоратии ду вилоят Бизнес-форум ва намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷонибҳо ташкил хоҳад шуд, ки дар дар доираи он ба имзорасони созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

 

Манбаъ : Сомонаи расмии Раиси вилояти Суғд

Читать полностью

Боздиди намояндагони вилояти Суғд аз Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд


Рӯзи 21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати намояндагони вилояти Суғд аз Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд боздид намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи мутафаккирони тоҷику ӯзбек - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки дар ҳудуди боғ қомат афрохтааст, гулчанбар гузоштанд.

Аҳли зиёи вилоятҳои Суғду Самарқанд аз эҷодиёти ин шоирони номвар, ки рамзи дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек маҳсуб меёбанд, шеърҳо қироат намуданд.

Худи ҳамин рӯз намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ташриф оварда, оромгоҳи нахустин Президенти Ӯзбекистонро зиёрат намуданд.

 

Манбаъ : Сомонаи расмии Раиси вилояти Суғд

Читать полностью

Дар Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд


Рӯзи 21 апрел дар меҳмонхонаи “Регистон плаза” – и шаҳри Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Бизнес – форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки мақсади асосӣ аз ташкили Бизнес – форум густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни ҷонибҳо маҳсуб меёбад.

Дар рафти Бизнес – форум ба иштирокчиён дар бораи имкониятҳои иқтисодии ҳар ду тараф, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва имтиёзҳои мавҷуда ҷиҳати мубодилаи маҳсулот маълумот дода шуд.

Дар макони баргузории чорабинӣ маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва намунаҳои ҳунарҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, имкониятҳои иқтисодиву кишоварзии вилоят муаррифӣ карда шуд.

 

Манбаъ : Сомонаи расмии Раиси вилояти Суғд

Читать полностью

Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2018


18 апрели соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиивилоят дар семоҳаи аввали соли 2018 доир шуд.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ, раисону шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

Ҷаласаи фаъолонро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сухании ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашурӣ “Оид ба  ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2018" маърӯза намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён намудаашон силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ)  ба андозаи 107,8  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 475,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 34,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ - марти соли 2018 500,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки баробари 110,2 фоизи ҳамин давраи соли  2017 мебошад.

Ҳаҷми воридот 364,6 млн. доллари ИМА - ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ  31,9 млн. доллар зиёд шуда бошад ҳам, ҳиссаи он дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ сол аз сол коҳиш ёфта истодааст.Агар дар семоҳаи аввали соли 2017 ҳиссаи воридот 73,2 фоизи ҳаҷми савдои хориҷиро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 72,8 фоиз баробар шудааст, ки бозгӯи татбиқи босамари Барномаҳои давлатӣ дар самти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот мебошад.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 136,2 млн. доллариИМА – ро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи солисипаришуда 14,4 млн. доллар ё 11,8 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи «Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2015-2017» дар ҳамаи самтҳо ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар вилоят 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амал карда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи онҳо 308,28 млн. доллари ИМА-ро ташкил мекунад.

Муовини Раиси вилоят дар суханронии худ аз натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳарф зада, баробари дастовардҳо аз камбудиҳои ҷойдошта таъкид дошт.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва ба роҳ мондани фаъолияти муташаккилона ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 439 млн. 14,5 ҳазор сомониро ташкил дода, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 105,8 фоиз баробар гардид.

Дар се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 2 млрд. 298,1 млн.сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 108,1 фоиз таъмин гардид.

Тибқи нақша соли 2018 ба истифода додани 88 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 1613 ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳи соли 2018 дар миқёси вилоят 24  корхонаву коргоҳҳои нав бо 335 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин бобати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла истифодаи пурсамари замин, дастгирии соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти рақобатпазир, содироти ҳарчӣ бештари маҳсулот, роҳандозӣ намудани фаъолияти коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, дастгирии ятимону ашхоси ниёзманд дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят зикр дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои дўзандагӣ ва корхонаҳои коркарди шир тадбирҳои судманд андешида шавад.

Боиси зикр аст, ки соли 2018 бунёди 7 корхонаву коргоҳҳои коркарди шир ба нақша гирифта шуда, дар ин замина 55 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои коркарди шир дар шаҳрҳои Истиқлол, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, ноҳияҳои Деваштич ва Ҷаббор Расулов ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, соли 2018 дар вилоят бунёди 22 коргоҳи нави дўзандагӣ бо 284 ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст. Бояд қайд кард, ки давоми 3 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 11 корхонаву коргоҳи нави дўзандагӣ бо 184 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда,  дар ин давра ба маблағи умумии 59,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 29,5 млн. сомонӣ ё 2 маротиба зиёд аст.

- Дар доираи эълон гардидани “Соли 2018 - соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат ба намояндагони аҳли ҳунар як қатор имтиёзҳо дода шудааст. Аз ҷумла, зиёда аз 105 намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки истеҳсолоти онҳо дар хона ба роҳ монда шудааст, аз андоз озод карда шуданд, ки бояд ба рушди соҳа мусоидат намояд - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят аз раисони шаҳру навоҳии Зафаробод, Конибодом ва Ашт пурсиш ба амал оварда, бобати ислоҳи камбудиву норасоиҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла истифодаи пурсамари заминҳои обӣ ва чарогоҳ, таъмини нақшаи андоз, бунёди муассисаҳои хусусӣ дар соҳаи маориф, солимгардонии ҷомеа, таъмири муассисаҳои фарҳангӣ, таъмин бо китобҳои дарсӣ, вусъати корҳои ободонӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Ҳамзамон, раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ба кор даровардани  корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳаи саноат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷом зикр намуд, ки таҳти сарварӣ ва дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

 

Манбаъ : Сомонаи расмии Раиси вилояти Суғд

Читать полностью
Previous
Следующая
Ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд PDF Печать E-mail

Ҳисобот

оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати сармоягузорӣ

ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд

дар 12 моҳи соли 2017

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд дар 12 моҳи соли 2017 баҳри иҷроиши қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557 «Дар бораи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017», «Дар бораи сармоягузорӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2016-2020», «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд то давраи соли 2020» «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷодаи хусусигардонö ва оқилона истифодабарии моликияти давлатӣ, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, як миқдор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар 12 моҳи соли 2017 сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи 2 575 159,5  ҳазор сомонӣ ё ин, ки 291 968,2 ҳазор доллари ИМА ҷалб карда шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 126,6 %-ро ташкил кард.

 

Аз ҷумла:

 

(ба ҳисоби ҳазор доллари ИМА)

 

Манбаҳои

сармоягузорӣ

Дар

12 моҳи

соли 2017

Дар

12 моҳи

соли 2016

Соли 2017 нисбати

соли 2016

бо фоиз

1.

Ташкилотҳои байналхалқӣ

2 457,5

5 019,7

49,0

2.

Кӯмакҳои башардӯстона

1 859,9

2 139,5

86,9

3.

Сармоягузориҳои мустақим

139 659,9

110 496,9

126,4

4.

Сармоягузориҳои ҷомадонӣ

-

47,5

-

5.

Ҳаргуна сармоягузориҳо

ба корхонаҳо

52 860,9

36 053,1

146,6

6.

Марказҳои татбиқи

лоиҳаҳои сармоягузорӣ

73 530,0

48 710,6

150,9

7.

*Сармоягузориҳои ватанӣ

21 600,0

28 201,1

76,6

 

Ҳамагӣ:

291 968,2

230 668,4

126,6

 

Дар вилояти Суғд аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ дар 12 моҳи соли 2017 ба маблағи умумии 21 675,1 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 2 457,5 ҳазор доллари ИМА, сармояҳои хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Аз тарафи Дафтари минтақавии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоию Манотиқи Кӯҳистон, лоиҳаи Фонди Оғохон дар ноҳияҳои Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара фаъолият бурда, айни ҳол зерлоиҳаҳои инфрасохторро амалӣ карда истодааст ва дар 12 моҳи аввали соли равон чунин зерлоиҳаҳоро ба маблағи умумии 3704,1 ҳазор сомонӣ татбиқ намуд.

1.Таъмиру барқарорсозии канали “Дӯстӣ” ба маблағи 432,4 ҳазор сомонӣ, дар ҷамоати Ворухи ш.Исфара.

2.Таъмиру барқарорсозии канали “50-солагии Октябр” ба маблағи 730,0 ҳазор сомонӣ, дар ш.Исфара.

3.Сохтмони хати оби нӯшокӣ дар маҳаллаи Баҳористон ҷамоати Хистеварзи н.Б.Ғафуров ба маблағи 890,6 ҳазор сомонӣ.

Ғайр аз ин, дар доираи ин барнома, бо мақсади дар ҳолати хуби мелиоративӣ нигоҳ доштани каналҳо ва тоза кардани заҳбурҳо ҷиҳати паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Б.Ғафуров техникаҳои пуриқтидор ба монанди:

4. Экскаватори тасмачархдор XCMGXE260CLL ба маблағи 1374,6 ҳазор сомонӣ.

5. Боркунаки фронталии XCMGLW300FN иқтидораш 5 тн – 276,5 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуд ва рӯзҳои наздик дастраси Идораи Давлатии Беҳдошти Замин ва Обёрии ҳарду ноҳия мегардад.

Аз тарафи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Исфара ҷамоатҳои Ворух, Чоркӯҳ, Сурх ва Лаккон ва ноҳияи Б.Ғафуров ҷамоати Хизтеварз дар 12 моҳи соли равон лоиҳаҳо ба маблағи умумии 296,0 ҳазор сомонӣ татбиқ шуда, амалӣ шуда истодаанд:

Лоиҳаҳои "Барқароркунии сариншоот ва таъмири хурд дар канали «Қаерма» дар маҳаллаи деҳаи «Хоҷаи Аъло» ҷамоати Чоркӯх ш.Исфара", лоиҳаи Барқароркунии сариншоот ва таъмири хурди канали ирригатсионии Чуи Нав дар ҷамоати Чоркӯх, ш.Исфараи вилояти Суғд, лоиҳаи "Пармакунии чоҳ барои оби нӯшокӣ дар маҳаллаи “Бедак”-и ҷамоати “Ворух”-и шаҳри Исфара” татбиқ карда шуданд.

Дар 12 моҳи соли 2017 дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамкориро бо ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ, Агроаксияи Олмон, ташкилоти гуманитарии Глобал Партнерс, ташкилоти ҷамъиятии башардӯстонаи Миссияи Шарқ ва Сафоратхонаҳо хуб ба роҳ монда, бо маблағгузории онҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент Лоиҳаҳои Ассотсиатсияи Оксфам Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ғайридавлатии “Миссияи Шарқ”, ташкилоти гуманитарии “Глобал партнерс”,  Агроаксияи Олмон, Барномаи Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар доираи лоиҳаи Фонди Оғохон фаъолият карда истодаанд. Дар давраи сипаригардида дар ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои зикршуда лоиҳаҳои гуногун амалӣ гашта истоданд.

Бояд қайд намуд, ки намояндагии ташкилоти Оксфам Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳамкорӣ дар самти беҳтар намудани дастрасии аҳолии шаҳри Панҷакент бо оби тозаи нӯшокӣ ва беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва гигиенӣ фаъолияти худро оғоз намуд. Ташкилот дар якҷоягӣ бо шарикони Консортсиум лоиҳаи “Тақвият бахшидани идоракунӣ ва ҳифзи манбаъҳои обӣ ва табии болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, амалӣ мегардонад. Дар навбати худ, ташкилоти Оксфам Британияи Кабир ду бахши ин лоиҳаро амалӣ мегардонад, ки ин лоиҳаи “Таъмини оби нӯшокӣ ва беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва гигиенӣ” ва лоиҳаи “Рушди иқтисодӣ” мебошад. Дар айни замон ташкилоти мазкур дар деҳаи Оби Борики Ҷамоати деҳоти Моғиён барои гузаронидани хати оби нӯшокӣ фаъолияти худро оғоз намуд.

Ташкилоти башардӯстонаи ғайридавлатии «Миссияи Шарқ» дар шаҳру деҳоти Панҷакент фаъолияти назаррас дорад. Ташкилоти мазкур дар самти кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият менамояд. Лоиҳаи навбатии ташкилот “Хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои фарогирӣ” ҷиҳати пешбурди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо баҳри хизматрасонии тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеа ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ба воситаи марказҳо, гурӯҳҳои дастгирии волидайн, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва сохтори кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, ташкилоти ҷамъиятии “Нури умед” дар шаҳри Панҷакент амалӣ мегардонад. Лоиҳаи мазкур дар 16 деҳаҳои ҳадафии 6 Ҷамоатҳои деҳоти шаҳр фаъолият намуда истодааст.

Дар доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ташкилоти гуманитарии “Глобал Партнерс” дар ин муддат аз ҷониби ташкилоти мазкур ба деҳаҳои ҳадафии лоиҳа қубурҳои обгузар, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ дар баландкӯҳҳо ҷойгиршуда бо печкаҳои алобии гармидиҳанда ва болопӯш намудани боми онҳо, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Айни замон дар мавзеи Хамиртеппаи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ба масоҳати 5 км оби нӯшокӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Майкатта ва барқароркунии пули мошингузари деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ корҳо бо маром идома дорад.

Дар доираи лоиҳаи фонди Оғохон “Барномаи Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон” барномаи GREAT-III  (Барномаи рушди иқтисод ва кишоварзии деҳот дар Тоҷикистон) мувофиқи талаботҳои лоиҳа дар Панҷакент 3 кластер интихоб гашт, ки яке шолӣ, хирманкӯбак ва 5,5 км тоза намудани канали Муғулон-Беклик мебошад. Амалишавии лоиҳаҳои мазкур барои соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла васеъ намудани майдони кишти шолӣ ва коркарди он шароити мусоид фароҳам меоварад.

Инчунин, аз ҷониби Сафорати Иёллоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи касалиҳои руҳии шаҳр 50 адад кат бо лавозимотҳои зарурӣ дастрас карда шуд.

Дар ноҳияи Спитамен дар асоси Мемарадуми якдигарфаҳми намояндагии “Котиботи Байналхалқии захираҳои об” дар Тоҷикистон бо лоиҳаи 4 млн. сомонӣ баста шуда, то имрӯз ба иҷроиши лоиҳа аз тарафи аҳолӣ 900 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи Шветсария ба маблағи 1 млн. 600 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шудааст. Лоиҳаи таъмин намудани аҳолии деҳаҳои Сафедтепаи Ҷамоати деҳаи Истиқлол ва Яғнободи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев бо оби нӯшокии тоза, барқароркунии чоҳҳои амудӣ идома ёфта истодааст. Таъмини аҳолии деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Куруш бо оби нӯшокии тоза ва кашидани хатти магистралии оби нӯшокӣ аз маркази деҳаи Куркат ва деҳаи Меҳнатобод, ба маблағи умумии 3500,0 ҳазор сомонӣ аз тарафи ташкилот татбиқ карда шуд.

Дар бораи беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, кам кардани хавфи офатҳои табиӣ ва самаранок истифода бурдани оби замин аз тарафи Агентии ҳамкории техникӣ ва рушди (АКТЕD), Ҳелвитас 1 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Дар ноҳияи Айнӣ дар 12 моҳи соли 2017 ташкилотҳои байналхалқи  Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид, Барномаи ҷонибдори инкишофи манотиқи куҳистон, Лоиҳаи Фонди Огохон, Агроаксияи Олмон, Оксфам лоиҳаи «Беҳтар намудани вазъи шароити сокинон ва амнияти озуқаворӣ бо роҳи идоракунии устувори захираҳои табии» дар водии Зарафшон тавассути маблағгузории Иттиҳидияи Аврупо ва Оксфам барои дастгирӣ ва пешрафти соҳаи хоҷагии қишлоқ, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, беҳтар намудани амнияти озуқавории сокинон фаъолият намуда истодаанд. Ҳамзамон дар ҳудуди ноҳия  ташкилотҳои ҷамъиятии «Кӯҳсор» ва «Маркази захиравии занон дар водии Зарафшон» амал карда истодаанд, ки онҳо дар самтӣ некӯаҳволӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ, пешгирии зӯроварӣ ба занон ҳиссагузор мебошанд. Инчунин дар ин давра аз тарафи Фонди Оғохон дар шаш деҳа корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуда, бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуд.

Аз тарафи ташкилоти байналхалқии GIZ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Барномаи “Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ дар соли 2017” татбиқ карда шуда истодааст. Ҳамзамон аз тарафи маблағгузории ин ташкилот дар доираи барнома дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои татбиқкунандаи ин барнома: Асотссиатсияи “Зан ва ҷомеа” дар ноҳияҳои Ашт, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров ба маблағи 1 776,6 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 201,4 ҳазор доллари ИМА; аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии муносибатҳои иқтисодии тиҷорати миёнамарзии вилояти Суғд дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен, Б.Ғафуров ба маблағи умумии 1308,5 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 148,4 ҳазор доллари ИМА; аз тарафи кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят ғайр аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба маблағи 1432,2 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 162,4 ҳазор доллари ИМА; кооперативи ғайритиҷоратии “Биокишоварз” истеҳсол ва фурӯши пахтаи органикӣ дар ноҳияҳои Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод, Спитамен, Б.Ғафуров ба маблағи 863,9 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 97,9 ҳазор доллари ИМА; ташкилоти байналхалқии Фонди Оғохон дар ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Конибодом, Панҷакент, Исфара дастгирии истеҳсоли картошка, гандум, офтобпараст, зардолу ва коркарди он, шоли ва коркарди он, помидор ва коркарди он, шир ва коркарди аввалияи он ба маблағи 5543,9 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 628,6 ҳазор доллари ИМА буда, ғайр аз ин барнома бевосита баъзе корхонаҳои коркардро дар ноҳияи Исфара, асотссиатсияи байналхалқии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони хушкмева ва ҷамъияти саҳомии кушодаи “Зардолу ва компания”-и ноҳияи Ашт ва истеҳсолкунандагони мавизро дар ноҳияи   Истаравшан дастгири намуда, маблағи умумии ин дастгириҳо 651,0 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 73,8 ҳазор доллари ИМА мебошад. Маблағи умумии дар доираи барномаи азхудшуда 11 576,1 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 1312,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намуд.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати минтақавии хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар 12 моҳи соли 2017 ба қаламрави вилоят кӯмакҳои башардӯстона ба маблағи 16 404,3 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 1 859,9 ҳазор доллари ИМА ворид гардидааст.

Аз ҷумла:

 

 

Номгӯи корхона

 

Кӯмакҳои

башардӯстонаи воридшуда

(ҳаз. доллари ИМА)

Дар 12

моҳи соли 2017

 

Дар 12 моҳи соли 2016

 

соли 2017 нисбати

соли 2016

бо фоиз

1

Маҳсулотҳои сабзавотӣ

153,9

103,0

149,4

2

Маҳсулотҳои ордӣ

1315,3

1 549,3

84,9

3

Маҳсулотҳо аз металлҳои сиёҳ

163,3

-

163,3

4

Воситаҳои нақлиёт

-

20,5

-

5

Равғани растанӣ

204,4

314,6

65,0

6

Либос

-

-

 

-

7

Таҷҳизот ва таҷҳизоти механики, қисмҳои эҳтиётии онҳо.

-

-

-

8

Шиша ва маҳсулотҳо

аз шиша

-

-

-

9

Коляскаҳо барои маъюбон

 

44,9

 

10

Минералҳо ва пору барои хок

22,6

-

22,6

11

Дигар

0,4

107,2

0,3

 

Ҳамагӣ:

1 859,9

2 139,5

86,9

 

Дар асоси маълумотҳои Сарраёсати Омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи мустақим дар 12 моҳи соли 2017 ба қаламрави вилояти Суғд ба маблағи 1 231 800,3 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 139 659,9 ҳазор доллари ИМА ворид гардидааст.

Аз он ҷумла:

 

 

Номгӯи корхона

Сармояи

мустақими воридшуда

(ҳазор  долл. ИМА)

 

Аз кадом давлатҳои хориҷ ворид шуд

1.

Комбинати маъданбойкунии Тоҷикистону Хитой

121 500,7

Хитой

2.

ҶДММ Суғд-Пак

535,1

Қазоқистон

3.

ҶС Навойи Азот

14,9

+збекистон

4.

ҶДММ Гули Сурх Континент

112,4

Қазоқистон

5.

ФШ Ист-Рой-Трейдинг

28,6

ОАЭ

6.

ҶДММ Эбикон-Тоҷикистон

1,9

Олмон

7.

ҶДММ Хуаксин Ғаюр Семент

16 000,0

Хитой

8.

ҶДММ Қолинҳои Суғд

1 108,9

Кипр

9.

ҶДММ Маҳсулоти сохтмонии нави Тоҷик

202,5

Хитой

10.

ҶДММ Ширкати Механикӣ

124,3

Хитой

11.

ҶДММ Топаз-1

30,6

Руссия

 

Ҳамагӣ

139 659,9

 

 

Дар асоси маълумотҳои Сарраёсати Омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12 моҳи соли 2017 ба қаламрави вилояти Суғд ҳаргуна сармоягузориҳо ба маблағи 466 233,1 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 52 860,9 ҳазор доллари ИМА ворид гардидааст.

Аз он ҷумла:

 

 

Номгӯи корхона

Сармояи

мустақими воридшуда

(ҳазор  долл. ИМА)

 

 

Аз кадом давлатҳои хориҷ ворид шуд

 

1.

 

 

ИМОН Интернешнл

10 000,0

Голландия

4500,0

Люксенбург

2000,0

Белгия

750,0

Швейтсария

2000,0

Британияи Кабир

1295,2

ИМА

2.

ҶДММ Арванд

1000,0

Британияи Кабир

2000,0

Люксенбург

1750,0

Голландия

162,9

ИМА

3.

ҶСШК Бонки Эсхата

2547,3

Австрия

6859,8

Люксенбург

2116,1

Британия

1783,2

Итолиё

7014,2

Белгия

6,0

ОАЭ

14,2

Белгия

3,2

Чехия

132,0

Олмон

298,4

Руссия

0,4

Белорусия

5,3

Украина

1,2

Қазоқистон

0,3

Узбекистан

4.

Фурудгоҳи байнал. Хуҷанд

1432,1

Британияи Кабир

5.

ҶДММ Матин

1000,0

Швейтсария

6.

ВНЧТ ГТЛ-и тач.рохи авт. Хучанд-Исфара

4203,2

Хорватия

 

Ҳамагӣ

52 860,9

 

 

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 22 лоиҳаҳои инвеститсионии дар доираи Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ амалкарда истодаанд. Арзиши корҳои умумии азхудшудаи ин лоиҳаҳо дар 12 моҳи соли ҷорӣ 648 534,6 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 73 530,0  ҳазор доллари ИМА ва аз аввали татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, маблағи азхудшуда 2 593 927,6 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 294 096,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла:

(ба ҳисоби ҳазор доллари ИМА)

 

Номгӯи шаҳру ноҳияҳо

Татбиқи лоиҳаҳо

Дар

12 моҳи

2017 сол

Аз аввали татбиқи лоиҳаҳо

1

Айнӣ

28391,8

83900,0

2

Ашт

4101,0

12320,0

3

Бобоҷон Ғафуров

345,2

11200,0

4

Бӯстон

142,1

2806,1

5

Гулистон

7810,9

25410,0

6

Деваштич

1980,1

4020,0

7

Зафаробод

927,8

1570,0

8

Истаравшан

357,2

1630,0

9

Истиқлол

220,4

1540,0

10

Исфара

11937,0

17200,0

11

Конибодом

2076,1

6010,0

12

Куҳистони Мастчоҳ

-

-

13

Мастчоҳ

714,5

2400,0

14

Панҷакент

5077,4

79300,0

15

Спитамен

1612,4

3410,0

16

Хуҷанд

4883,5

35100,0

17

Ҷ.Расулов

2058,7

5100,0

18

Шаҳристон

893,9

1180,0

 

Итого:

73 530,0

294 096,1

 

Дар қаламрави вилоят дар 12 моҳи соли 2017 сармоягузории ватанӣ ба маблағи 190 509,6  ҳазор сомонӣ ё ин, ки 21 600,0 ҳазор доллари ИМА, аз тарафи соҳибкорони инфиродии шаҳру ноҳияҳо барои сохтмони объектҳо маблағгузорӣ карда шуд.

Аз ҷумла:

(ба ҳисоби ҳазор сомонӣ)

Номгӯи шаҳру

ноҳияҳо

Арзиши

сохтмони объектҳои сохта шуда

1

Айнӣ

-

2

Ашт

4468,4

3

Бобоҷон Ғафуров

29264,5

4

Бустон

22543,6

5

Гулистон

7842,2

6

Деваштич

777,3

7

Зафаробод

254,9

8

Истаравшан

8670,7

9

Истиқлол

-

10

Исфара

1356,0

11

Конибодом

7997,4

12

Куҳистони Мастчоҳ

-

13

Мастчоҳ

295,2

14

Панҷакент

7913,8

15

Спитамен

11041,6

16

Хуҷанд

86224,9

17

Ҷ.Расулов

1859,1

18

Шаҳристон

-

 

Ҳамагӣ

190 509,6

 

Ҳамагӣ ҳазор доллари ИМА

21 600,0

 

Дар ҷодаи хусусигардонö ва оқилона истифодабарии моликияти давлатӣ, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, аз ҷониби шуъбаи идораи амволи давлатӣ як миқдор корҳо ба анҷом расонида шуд.

Дар миқёси вилоят фурӯши амволи давлатӣ тавассути Бирҷаи молу мулки вилоят тариқи музояда амалӣ гардида, дар натиҷа 12 музояда гузаронида шуда, 44 адад объектҳои хурду миёна ва 16 адад воситаҳои техникиву нақлиётӣ ба маблағи умумии 2172986 сомонö фурӯхта шуда, аз ин маблағ 2024551 сомонӣ яъне 93 фоиз ба буҷҷаи давлат ворид гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағӣ 322400 сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷониби Раёсат ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру ноҳияҳо ба иҷора супоридани амволи давлатӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, №537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ба роҳ монда шудааст.

Мутобиқи маълумотҳо дар соли ҷори дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 911 адад шартномаҳои иҷора бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ баста шуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 шумораи шартномаи иҷораи амволи давлатӣ 59 адад зиёд буда аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 2958278 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 маблағи пардохти иҷорапули ба 145523 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамагӣ аз фурӯши амволи давлатӣ тавассути Бирҷаи молу мулки вилоят тариқи музояда ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ дар соли ҷори нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, ба буҷети давлатӣ 467923 сомонӣ маблағ зиёд ворид карда шудааст.

Бобати қабули амволи меҳмонхонаи «Ленинобод» ва ба иҷора додани меҳмонхонаи мазкур ба соҳибкорон ва сармоягузоронӣ ватанию хориҷӣ чораҷӯи шуда истодааст. Кормандони Раёсат санаи 21 апрели соли 2017 дар муасисаи давлатии “Кохи Матбуот” семенар-машварат оид ба омодагӣ барои гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК “НБО Роғун” бо иштироки муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмидинзода Анвар Юсуфӣ, ва намояндагони аъзои комисияи баҳисобгирии ҶСК “НБО Роғун” ва бо иштироки намояндагони мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил ва гузарониданд.

Санаи 19 майи соли ҷорӣ кормандони масъули раёсат ва шаҳру ноҳияҳои вилоят дар семинар машварат доир ба омодагии Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ва санаи 9 июни соли ҳисоботӣ дар Маҷлиси умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун», ки  дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикстон» воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ин давра аз ҷониби шуъба доир ба масъалаҳои вобаста ба самти фаъолият, аз ҷумла аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии фарсудаю корношоями корхонаю ташкилотҳои давлатӣ 6 адад қарорҳои Раиси вилояти Суғд ба тавсиб расидааст. Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардида 21 адад қарорҳои Раиси вилоят оид ба аз мувозина ба мувозина гузаронидани биною иншоотоҳои давлатии моликияти коммуналӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҷониби кормандони шуъба тибқи дархостҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҷиҳати риояи қонунгузорӣ аз эътибор соқит намудан ва хусусигардонии қубурҳои нафту гази ноҳияи Спитамен, ба иҷора супоридани чоҳи амудии ноҳияи Зафаробод, хусусигардонии дорухонаи ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров ва тибқи мактуби Прокуратураи вилояти Суғд оид ба санҷиши ҳолати воқеии воситаҳои асоси ва амволи давлатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар асоси мактуби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсат дар вилояти Суғд санҷиши ҳолати воқеии воситаҳои асосии мактаби Болаёқати ноҳияи Б. Ғафуров санҷиш гузаронида, хулосаҳои худро ба сохторҳои дахлдор пешниҳод намуд.

Дар вилояти Суғд аз рӯи ҳисоботи Раёсати андози вилоят шумораи соҳибкорони хурду миёна дар вилоят аз аввали бақайдгирӣ 99009 ададро ташкил медиҳад

Тибқи маълумотҳо ба санаи 01.01.2018сол шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд 31461 нафар буда, ҳамин нишондиҳанда дар давраи ҳисоботии соли 2016, 29396 нафаро дар бар мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2065 адад зиёд  мебошанд.

Шумораи субъектони тибқи Шаҳодатнома  фаъолят баранда дар давраи ҳисоботи 67548 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2843 адад зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои вилоятӣ дар ҳаҷми истеҳсоли саноат ба санаи 01.01.2018сол, 9 883,1 млн. сомонӣ буда, дар ҳамин давраи соли 2017,    6 868,4млн. сомониро дар бар гирифта, саҳми соҳибкорони вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 1 413,7млн. сомони ё худ 14,3 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.

Бинобар мусоидат намудани мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилоят ба амалӣ шудани ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ 103 адад бунёди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншоотҳои муҳим ба фаъолият шурӯъ намуда дар натиҷа 698 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Бояд қайд намуд, ки дар рӯзҳои таҷлилӣ бошукӯҳӣ Наврӯзи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи ҶДММ “Баракат Исфара” ташриф оварда ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Федератсияи Россия, ки 97 дарсадро ташкил медиҳад, бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар коргоҳ 70 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида маоши онҳо вобаста аз мавсими корӣ аз 700 то 2000 сомониро дар бар мегирад.

Ҷоизи зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкорони саховатманд бахшида ба таҷлили ҷашни барои дастгирии оилаҳои ниёзманд 830 нафар кӯдакон хатнатӯйи карда шуда, 25 ҷуфт тӯйи арӯсиву домодӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ санаи 1 феврали соли ҷорӣ бо иштироки зиёда аз 70 нафар соҳибкорон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои машваратии назди Раиси вилоят «Оиди беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» гузаронида шуд, ки ба роҳбарияти МИҲД-и вилоят муаммоҳое, ки дар рафти фаъолият соҳибкорон дучор мегарданд шунида шуда, оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор таклифу дархостҳо пешниҳод гардиданд.

Санаҳои 24-25 феврали соли ҷорӣ кормандони Раёсат доир ба иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 январи соли 2017 таҳти № 13 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Анҷуманӣ II минтақавии шартномабандӣ» бо Ассотсиатсияҳо, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар самти коркард, истеҳсоли маҳсулоти тару тоза фаъолият мебаранд, дар МД «Маркази таълими истеҳсолӣ Бонки Миллӣ»  шаҳри Гулистон  баргузор гардид, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур асосан бо мақсади муаррифӣ намудани маҳсулоти истеҳсолшавандаи кишоварзии ҷумҳурӣ оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тарафайн бо соҳибкорону ширкатҳои давлатҳои хориҷа доир карда шуд. Дар кори Анҷуманӣ II беш аз 120 нафар соҳибкорон, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва 20 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз вилояти  Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони 21 ширкатҳои аз минтақаҳои Федератсияи Россия, асосан харидорони маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳбарии намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кораблин Михаил Викторович иштирок намуданд.

Соҳибкорони  тоҷику рус роҳҳои густариши ҳамкориҳоро муҳокима намуда, дар натиҷа 17 адад шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Санаи 14 марти соли ҷорӣ Шӯрои машваратии навбатии назди Раиси вилояти Суғд “Оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” баргузор гардид. Дар Шӯро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, намояндагони бонкҳо, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии вилоят, соҳибкорон бо теъдоди 70 нафар иштирок намуда, оиди теъдод, таъғирот ва пурзур намудани ҳайъати фаъолияти Шӯро гуфтугузор ва пешниҳодҳои иштирокунандагон шунида шуд.

Санаи 1 июли соли ҷорӣ дар маркази вилоят машварати коршиносони Латвия бо соҳибкорон ва кишоварзони вилоят доир ба масъалаҳои сертификатсия ва стандартизатсияи маҳсулоти кишоварзӣ, тибқи Барномаи ташрифи Сафири Латвия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ҷаноби Эдгарс Бондгарс ба вилояти Суғд, баргузор гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорони хурду  миёна, иттилоотонии онҳо вобаста ба қонунҳои амалкунанда, санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Моҳи марти соли ҷорӣ семинар доир ба лоиҳаи Бонки рушди Осиё “Тренингҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсионӣ барои занони соҳибкор ҷиҳати рушди маҳорати соҳибкорӣ” дар бинои МД “Кохи Матбуот” ошёнаи 2-юм баргузор гардид, ки намояндагони Раёсат дар он иштирок намуданд.

Санаҳои  3 март дар шаҳри Исфара, 9 март шаҳри Хуҷанд, 10 март шаҳри Истаравшан вохӯри ва мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони Корпорптсияи байналмиллалии молиявӣ (IFC), Гурӯҳи бонки умумиҷаҳони дар Тоҷикистон, оид ба муаррифии муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низоми иҷозатдиҳи” расмиёти тариқи низоми электронӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳи бо соҳибкорон гузаронида шуд.

Бо мақсади иҷрои барқияи фаврии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2017, №1-4А/207 оид ба баргузории Форуми байналмиллалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони “Ҷавонон – муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ” 127 нафар соҳибкорони ҷавон аз вилояти Суғд дар МД “Китобхонаи миллӣ”-и шаҳри Душанбе, ки баргузор гардид иштирок намуданд. Дар чорабини мазкур аз ҷониби соҳибкорони ҷавони вилоят зиёда аз 68 номгӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ муаррифи гашта аз инҳо 6 лоиҳаи беҳтарин сазовори тӯҳфа гардида барои татбиқи лоиҳаҳои худ сармоягузор пайдо намуданд.

Тибқи мактуби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2017 таҳти №1-49/1126 санаҳои 23 май дар шаҳри Хуҷанд, 24 май дар шаҳри Исфара, 25 май дар шаҳри Истаравшан кормандони шӯъба ҷиҳати ташкил ва гузаронидани семинар бо намояндагони МД «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва КВД «Тоҷинвест»  бо иштироки намояндагони МИҲД вилоят ва соҳибкорон баргузор намуданд.

Мавриди қайд аст, ки санаҳои 16-17 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IV байналмилалии савдо «Суғд-2017» баргузор гардид.

Дар чорабини мазкур беш аз 220 нафар меҳмонон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, давлати Полша, Латвия, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагони ВАО-и хориҷӣ ва ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси кумита оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода иштирок намуданд.

Дар ҷараёни Ярмарка байни доираи соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсолӣ, Палатаи савдо ва саноати вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят наздики 100 Созишномаю Меморандум ва Шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Доир ба баргузории “Рӯзи дарҳои кушод”-и сафоратхонаи ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оиди ташкил, таъмин ва омода намудани соҳибкорони вилояти Суғд кормандони шӯъба саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Инчунин Форуми доираҳои соҳибкори доир ба мавзуи “Захираҳои сармоягузорӣ ва рушди соҳаи савдо” ташкил ва гузаронида шуд.

Аз санаи  22 то 25 августи соли 2017, аз рӯи таҷрибаи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” нишон дод, ки мақомоти санҷиши дар маҳал аз талаботи санадҳои меъерии ҳуқуқӣ ба таври зарури огоҳи надоранд, аз ин лиҳоз, ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шахсони мақомоти санҷишӣ дар маҳалҳо дар аксар ҳолатҳо ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, ки боиси норозигии субъектҳои соҳибкорӣ гардидааст. Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур кормандони Раёсат якҷоя бо намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи даватии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ барои мақомоти санҷишӣ ва идозатдиҳанда инчунин субъектҳои соҳибкорӣ семинар тренингҳо гузарониданд.

Аз санаи 13-16 сентябр соли ҳисоботӣ масъулини Раёсат бо як гурӯҳ соҳибкорони вилоят дар Форуми иқтисодӣ-сармоягузории «Помиринвест», ки дар  шаҳри Хоруғи ВМКБ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Бахшида ба таҷлили сеюмин солгарди ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” санаи 14 октябри соли 2017, дар толори Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид, ки дар он 300 нафар соҳибкорони вилоят иштирок намуданд.

Санаҳои 27-29 ноябри соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC), Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ бо масъулини сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, замин ва геодезӣ, муҳити зист, санитарию эпидемиологӣ, оташнишонӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки дар соҳаи шаҳрсозӣ масъуланд корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаи ҷорӣ намудани низоми электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, инчунин додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ тариқи принсипи “Равзанаи ягона” гузаронида шуд.

Баҳри иттилоотонии соҳибкорон оид ба масъалаҳои ташкил ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бо истифода аз имкониятҳои муосири иттилоотӣ дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят телефони боварӣ 4-65-64 ва соманаи интернетӣ www.sugdinvest.tj амал мекунад, ки дар он фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати ҳамкорӣ бо соҳибкорон, ташкил ва гузаронидани вохӯриҳои соҳибкорон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои соҳибкорӣ инъикос карда мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 143 адад дархосту муроҷиати шаҳрвандон, 971 адад муроҷиати корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, 239 адад дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо, фармонҳо, ва фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Сарвазир ва инчунин муроҷиати сохторҳои қудратӣ доир ба пешниҳоди хулосаҳои ташхисӣ оиди хусусигардонии иншоотҳои давлатӣ ворид гардида, тибқи регламенти муқарраргардида барасӣ карда шуданд. Ҳамчунин баҳри сифатнок баррасӣ намудани арзу дархостҳо кормандони шуъба ба шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Истиқлол ва Бӯстону Гулистон сафари корӣ доштанд.

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давалтии вилояти Суғд минбаъд фаъолияти худро баҳри иҷрои қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва роҳбарияти вилоят равона карда, баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва дар ҷодаи идоракунии амволи давлатӣ, оқилона истифодабарии моликияти давлатӣ, кӯшиш ба харҷ медиҳад.

 

 

 
Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд PDF Печать E-mail

Рӯзи 14 феврал бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд.

Дар рафти маҷлис роҳбари вилоят вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлил намуда, барои бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда супориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар ноҳия дар соли сипаришуда ба андозаи 102,3 дарсад ва буҷети маҳаллӣ 109,4 дарсад иҷро гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 196 миллион сомонӣ баробар гардида, аз 30 корхонаи фаъолиятдошта як адади он фаъолият набурд ва 7 корхона нисбат ба соли 2016 камтар маҳсулот истеҳсол кардааст.

Читать полностью
 
Дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор шуд PDF Печать E-mail

Рӯзи 14 феврали соли 2018 дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор шуд.

Зимни суҳбати рӯ ба рӯ бо мардум иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят изҳор дошт, ки қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти мавҷуда доир мешавад.

Читать полностью
 
<< Начало < Предыдущая 1 2 Следующая > Последняя >>

Страница 1 из 2

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla