Моҳҳои апрел - декабри соли равон озмуни вилоятии "Соҳибкори беҳтарини соли 2018" гузаронида мешавад PDF Печать E-mail

Бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли вилоят, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот ва хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, моҳҳои апрел - декабри соли равон дар вилояти Суғд озмуни вилоятии "Соҳибкори беҳтарини соли 2018" гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 апрели соли 2018, № 146 ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур ҳайати ҳакамон ва низомномаи комиссияи озмуни вилоятии "Соҳибкори беҳтарини соли 2018" тасдиқ карда шудааст. Дар асоси низомномаи озмуни вилоятӣ ҷоизаҳо танҳо насиби онҳое мегардад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди вилоят ҷойи истиқоматӣ доранд ва дар пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти вилоят саҳми арзанда мегузоранд.

Озмун аз рӯи 8 самт ва 42 номгӯй гузаронида шуда, ба ғолибон маҷмӯан бештар аз 431 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

 

 

 

 

 

Низомномаи

озмуни вилоятии «Соҳибкори беҳтарини соли 2018»


1. Муқаррароти умумӣ

Озмуни «Соҳибкорони беҳтарини соли 2018» бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони фаъоли вилоят, ки ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот, хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, гузаронида шавад.

Дар озмун ҳайати ҳакамон ному насаби соҳибкорони беҳтарини вилоят - ғолибонро дар доираи номгӯйҳо дар мувофиқа бо раисони шаҳру ноҳияҳо муайян менамояд.

2. Шартҳои озмун

Ҷоиза аз рӯи ихтисосҳо танҳо насиби онҳое мегарданд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди вилоят ҷои истиқоматӣ доранд, новобаста аз шакли моликият, дар пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти вилоят саҳми  арзанда мегузоранд.

Соҳибкори беҳтарини соли 2018  аз рӯи 8 самт дар алоҳидагӣ муайян мегардад.

Дар пешбарии номзадҳо ба озмун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, корхонаву муассисаҳои вилоят, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқи ширкат варзиданро доранд.

Масъулияти умумии баргузории озмунро ҳайати ҳакамон татбиқ месозад.

Озмун аз рӯи 8 (ҳашт самт) бо 42 номгӯй гузаронида мешавад:

Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ дар номгӯйи зерин муайян карда мешавад:

- истесоли масолеҳи сохтмони воридотивазкунанда ва мавқеи содиротӣ дошта:

- бунёди истеҳсолоти саноати сабук:

- истеҳсоли сӯзишворӣ:

- истеҳсоли манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ ва гармӣ:

- истеҳсоли маҳсулоти таҷҳизоти каммасрафи равшанидиҳӣ ва ороишӣ:

Соҳибкори беҳтарин дар соҳаи истеҳсолоти агросаноатӣ дар номгӯйи зерин муайян карда мешавад:

- истеҳсоли равғани растанӣ аз зироатҳои алтернативӣ:

- истеҳсоли хушкмева ва ба роҳ мондани содироти он:

- истеҳсоли консерва аз меваю сабзавот ва ба роҳ мондани содироти он:

-  истеҳсоли машруботи армуғонӣ ва содиротӣ:

- хушк кардани сабзавот ва ба роҳ мондани содироти он:

- истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ:

- ҷорӣ намудани технологияи муосири нигаҳдорӣ дар сардхонаҳо, бунёди гармхонаҳо:

- боғу токзорҳои интенсивӣ бо истифодаи обёрии қатрагӣ:

Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар номгӯйи зерин муайян карда мешавад:

- ташкили тарабхонаи замонавӣ ва брендӣ:

- ташкили қаҳвахона ва ошхонаи беҳтарин:

- ташкили бозори беҳтарин:

- сохтмони марказҳои савдои замонавӣ бо таваққуфгоҳи камаш аз 3 ошъёнаи мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ:

- ташкили меҳмонхонаҳои замонавии камаш аз 4 ситорадор:

- ташкили хатсайри беҳтарини сайёҳӣ ва хизматрасонии сайёҳии мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ:

- сохтмон ва ташкили осоишгоҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ:

- ташкили бизнес – инкубатори замонавӣ:

- ташкилоти қарзии беҳтарин:

Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар номгӯйи зерин муайян карда мешвад:

- самти тандурустӣ бо истифодаи таҷҳизотҳои тиббии замонавӣ ва инноватсионӣ:

- истифодаи таълими инноватсионӣ дар соҳаи маориф:

- воридотот ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи саноат:

- истифодаи парвариши зироатҳо бо истифодаи технологияҳои муосири инноватсионӣ:

- коргоҳи истеҳсоли компутерҳо ва таҷҳизоти техникӣ:

- таҷҳизонидани ширкатҳои хусусии сохтмонӣ бо таҷҳизоти замонавии муосири сохтмонӣ:

Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи маориф дар номгӯӣи зерин муайян карда мешавад:

- бунёди мактаби хусусии беҳтарин:

-  бунёди боғчаи баччагонаи хусусии беҳтарин:

- ташкили лагери истироҳатӣ-фароғатии хусусии беҳтарин:

Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи таъмини сиҳатии аҳолӣ ва тандурустӣ дар номгӯйи зерин муайян карда мешавад:

- бунёди беморхонаи хусусии беҳтарин:

- ташкили хизматрасонии тиббии хусусии беҳтарин:

- ташкили маркази муоинаи тиббии беҳтарин:

- сохтмон ва ташкили варзишгоҳҳо ва майдончаҳои варзишии хусусии беҳтарин:

Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар номгӯйи зерин муайян карда мешавад:

- ташкили хизматрасонии беҳтарини нақлиёти автомобилӣ дар

хатсайрҳои мусофирбар:

- муассисаи хусусии беҳтарини боркашон:

- ташкили хизматрасонии беҳтарин дар терминали мусофирбар:

- ташкили хизматрасонии алоқаи мобилии хусусии беҳтарин:

Соҳибкори беҳтарини сол дар самти саховатмандӣ ва эҳсонкорӣ дар номгӯйи зерин муайян карда мешавад:

- дастгирии соҳаи маориф:

- дастгирии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ:

- дастгирии соҳаи муассисаҳои кӯмаки иҷтимоӣ: (саховатмандӣ ва дастгирии пиронсолон, камбизоатон, барҷомондагон, маъюбон, ятимон ва таъсиси муассисаҳои хусусии сарпаногоҳ барои беҷомондагон)

Аз рӯи ҳар соҳа, ба ҳар номгӯй 1 нафар ғолиб дониста ба онҳо мукофотҳои махсус тақдим карда мешаванд.

Натиҷаи озмун тавассути телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», сомонаҳои «www.sugd.tj, www.sugdinvest.tj» ва дигар ВАО – и вилоят пахш ва нашр мегардад.

 

3.Тартиб ва баргузории ҷамъбасти озмун

Ҷиҳати гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарин соли 2018» дар сомонаҳои www.sugd.tj ва www.sugdinvest.tj қисми махсус оид ба овоздиҳӣ ташкил карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти сол рӯйхати ҳамаи номзадҳо тибқи пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳо ва натиҷаи овоздиҳӣ гурӯҳбандӣ шуда, баъди омӯзиши асоснок ба ҳайати барои муайян намудани ғолиби озмун пешниҳод мегардад.

Ҳайати ҳакамон  ғолибони озмунро дар ҷаласаи комиссия бо овоздиҳии аз 3/2 ҳисса муайян менамояд.

Қарори қабулгардидаи ҳайати ҳакамон бо назардошти баҳодиҳӣ барои қабули қарори Раиси вилоят асос мебошад.

Маросими супоридани ҷоиза ба ғолибони озмуни «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» моҳи январи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд, дар мулоқоти навбатии Раиси вилоят бо соҳибкорон сурат мегирад.

Мукофотҳоро ба ғолибон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд супорида мешавад.

 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla