Ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд дар 3 моҳи соли 2018 PDF Печать E-mail

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд дар 12 моҳи соли 2017 баҳри иҷроиши қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 557 «Дар бораи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017», «Дар бораи сармоягузорӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2016-2020», «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд то давраи соли 2020» «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷодаи хусусигардонö ва оқилона истифодабарии моликияти давлатӣ, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, як миқдор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар 3 моҳи соли 2018 сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи  81 513,5 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 9 241,9 ҳазор доллари ИМА ҷалб карда шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 162,8 %-ро ташкил кард.

Аз ҷумла:

(ба ҳисоби ҳазор доллари ИМА)

 

Манбаҳои

сармоягузорӣ

Дар 3

моҳи 2018 соли

Дар 3

моҳи

соли 2017

Соли 2018 нисбати

соли 2017

бо фоиз

Ташкилотҳои байналхалқӣ

-

-

-

Кӯмакҳои башардӯстона

391,5

205,9

190,0

Сармоягузориҳои мустақим

8 850,4

5469,2

161,8

Сармоягузориҳои ҷомадонӣ

-

-

-

Ҳаргуна сармоягузориҳо

ба корхонаҳо

-

-

-

Марказҳои татбиқи

лоиҳаҳои сармоягузорӣ

-

-

-

Сармоягузориҳои ватанӣ

-

-

-

 

Ҳамагӣ:

9241,9

5675,1

162,8

 

Дар асоси маълумотҳои Раёсати минтақавии хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар 3 моҳи соли 2018 ба қаламрави вилоят кӯмакҳои башардӯстона ба маблағи 3 453,0 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 391,5 ҳазор доллари ИМА ворид гардидааст.

Аз ҷумла:

 

 

Номгӯи корхона

 

Кӯмакҳои

башардӯстонаи воридшуда

(ҳаз. доллари ИМА)

Дар

3 моҳи  соли 2018

 

Дар

3 моҳи  соли 2017

 

соли 2018 нисбати

соли 2017

бо фоиз

Маҳсулотҳои сабзавотӣ

44,6

-

-

Маҳсулотҳои ордӣ

336,4

205,9

163,4

Маҳсулотҳои керамики

10,4

-

-

Дигар

0,1

-

-

 

Ҳамагӣ:

391,5

205,9

190,1

 

Дар асоси маълумотҳои Раёсати минтақавии хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сармояи мустақим дар 3 моҳи соли 2018 ба қаламрави вилояти Суғд ба маблағи 78 060,5 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 8 850,4 ҳазор доллари ИМА ворид гардидааст.

Аз он ҷумла:

 

 

Номгӯи корхона

Сармояи

мустақими воридшуда

дар 3 моҳи соли 2018

(ба ҳисоби ҳазор доллари ИМА)

ҶДММ Ҷавони

478,2

ҶДММ САТН

366,8

ҶДММ Саломатии Сибири

99,9

ТАОО КМ Анзоб

803,0

ҶДММ Ширкати металлургии Анзоб

 

129,9

ҶДММ Апрелевка

761,4

ҶДММ ХС Уралсталкомплект

21,1

ҶДММ КМ Хуҷанд Нефтегаз

779,5

ҶДММ Нафтрасон

237,0

ҶДММ КМ Заравшон

3069,8

ҶСШП Оби Зулол

1393,6

 

ҶДММ Ширкати Ғалагӣ

 

373,4

ҶДММ Ширкати кимиёвии Сугдӣ

 

336,7

 

Ҳамагӣ

8 850,4

 

Санаи 13 феврали соли 2018 дар толори Маркази таълимию-истироҳатии Бонки милли Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  миззи мудаввар доир ба Идоракунии ҳавзаи дарёи Аксу барои паст кардани хатари офатҳои табии дар нақшаи тараққиёти ноҳияҳои Деваштич ва Спитамен, ҷамоатҳо ва маҳалҳо, баргузор гардид. Миззи мудаввар аз тарафи Филиали шӯъбаи Оҷонсии оид ба ҳамкории техникӣ ва тараққиёт (АСТЕД) дар шаҳри Хуҷанд татбиқ гардида бо дастгирии Консортсиум Хелветас, лоиҳаи  «Лоиҳаи миллӣ идоракунии захираҳои обӣ», ки аз тарафи GIZ маблағгузорӣ шуда истодааст. Дар мизи мудаввар  намояндагони Сарраёсати кишоварзӣ, бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои дахлдор, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Деваштич ва Спитамен иштирок намуда, оиди корҳои ба иҷро расонида ва пешниҳоди нақшаҳои дар пеш истода аз тарафи иҷрокунандагони лоиҳа муаррифӣ карда шуд.

Дар конфронзали МД «Осоишгоҳи Баҳористон»  шаҳри Гулистон санаи 21 феврали соли 2018 вохӯрии истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ, аъзоёни гурӯҳҳои истеҳсолӣ, соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои кокарди меваю сабзавоти шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд ва ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров баргузор гардид. Вохурӣ аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Муносибатҳои иқтисодии тиҷорати миёнмарзӣ»- дар вилояти Суғд бо маблағгузории Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон GIZ дар доираи Барномаи «Дастгирии рушди иқтисодии деҳот ба мқсади таъмини даромаднокии аҳолӣ»(ТРИГЕР) ташкил карда шуд.

Санаи 16 марти соли 2018 мудири шуъбаи сармоягузорӣ Исмоилов З.И. дар кушодашавии сохтмони шабакаи обтаъминкунӣ дар деҳаи Сафедтепаи Ҷамоти деҳоти Истиқлол бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва саҳмгузории аҳолии деҳа,  иштирок намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар азнавбарқарорнамудани шабакаи обтаъминкунӣ дар доираи Мемарандуми якдигарфаҳмӣ байнӣ Намояндаи «Котиботи байналхалқии захиратои об» дар Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, Ҷамоати деҳоти Гулистон  ва татбиқгари лоиҳа «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон» дар вилояти Суғд баста шуда, корҳо иҷро гардида, тақрибан 10 ҳазор аҳолии деҳаи Сафедтеппа бо оби нӯшокӣ пурра таъмин карда шуд. Навори пураи чорабинии мазкур дар Ахбори тевизиони Суғд санаи 19 марти соли 2018 соати 18-00 ба намоиш гузошта мешавад.

Дар ҷодаи хусусигардонö ва оқилона истифодабарии моликияти давлатӣ, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, аз ҷониби шӯъбаи идораи амволи давлатӣ як миқдор корҳо ба анҷом расонида шуд.

Дар миқёси вилоят фурӯши амволи давлатӣ тавассути Биржаи молу мулки вилоят тариқи музояда амалӣ гардида, дар натиҷа дар 3 музояда 8 адад объектҳои хурду миёна ва 1 адад воситаи нақлиёт ба маблағи умумии 533657 сомонö фурӯхта шуда, аз ин маблағ 204540 сомониаш ба буҷаҳои дахлдор ворид карда шудааст ва ин равиш идома дорад.

Дар миқёси вилоят ба иҷора супоридани амволи давлатӣ аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру ноҳияҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора» ва қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 537 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра аз ҷониби Раёсат 2 маротиба озмуни ба иҷора супоридани биною иншоотҳои давлати ва масоҳатҳои холи, мавриди истифодаи мақсаднок қарор нагирифта, гузаронида шуд.

Мутобиқи маълумотҳо дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 913 адад шартномаҳои иҷора бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ баста шуда аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 778356 сомонӣ маблағ ворид карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 23652 сомони зиёд мебошад мебошад.

Раёсат барои аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналии вилояти Суғд гузаронидани истироҳатгоҳҳои «Зуҳал» ва «Лангар»-ри Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон тибқи тартиби муқарраргардида корбарӣ намуда итодааст.

Дар ин давра доир ба масъалаҳои вобаста ба самти фаъолият, аз ҷумла аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии фарсудаю корношоями корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ва аз мувозина ба мувозина гузаронидани биною иншоотоҳои давлатии моликияти коммуналӣ, тибқи тартиби муқарраргардида амали карда истодааст.

Кормандони Раёсат баҳри иҷрои Амри Раиси вилояти Суғд аз 15.02.2018, №23 дар якҷоягӣ бо гурўњи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Гулистон, Конибодом, Ашт, Исфара ва Ҷаббор Расулов сафарбар шуда, корхонањои саноатие, ки тариќи тендер ё музояда  хусусӣ гардонида шудааст, дар љояш мавриди омўзиш ва баррасӣ ќарор дода, хулосаҳои худро ба унвонии Раиси вилоят пешниҳод намуданд, дар ин самт корҳо идома дорад.

Дар вилояти Суғд аз рӯи ҳисоботи Раёсати андози вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ дар се моҳи соли ҷорӣ аз аввали бақайдгирӣ 100 925 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба мамин давраи соли гузашта 5718 адад зиёд мебошад.

Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд 32026 нафар буда, ҳамин нишондиҳанда дар давраи соли 2017, 30129 нафаро дар бар мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1898 адад зиёд  мебошанд.

Шумораи субъектони тибқи Шаҳодатнома  фаъолят баранда дар давраи ҳисоботи 68899 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 382 адад зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои вилоятӣ дар ҳаҷми истеҳсоли саноат ба санаи 01.03.2018сол, 1493,9 млн. сомонӣ буда, дар ҳамин давраи соли 2017, 1266,4млн. сомониро дар бар гирифта буд, ки саҳми соҳибкорони хурду миёнаи вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 221,5млн. сомонӣ ё худ 14,8 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи сафари корӣ дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд парда аз болои лавҳа бардошта шуда ба фаъолияти Маҷмаи меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент” расман оғоз бахшида шуд. Меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё дар ҳудуди 1 гектар замин қомат афрохтааст. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо ҷадби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Қирғизистон дар муддати 5 сол бунёд карда шудааст ва дар ҷараёни корҳои сохтмонии он то 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буд. Дар ин иншоот дар марҳалаи аввали кор 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маъоши хуб таъмин шуданд.

Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд, дар заминаи ҶДММ “Анҳор” оғози расмӣ бахшиданд.

Қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ “Анҳор” бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, маблағи фондҳои асосӣ 25,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 13млн. сомонӣ сармояи корхонаи номбурда, 12,8 млн сомонӣ сармояи ширкати “АЗК ЭСНТАЙ”- и Ҷумҳурии Қазокистон мебошад. Иқтидори истесолии корхона 380 тонна коркарди гандум дар 1 шабонарӯз мебошад. Дар қитъаи нави истеҳсоли орд 25 нафар шаҳрвандон ба кор фаро гирифта шуд.

Ҷоизи зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкорони саховатманд бахшида ба таҷлилӣ бошукӯҳӣ Наврӯзи ҷаҳонӣ барои дастгирии оилаҳои ниёзманд 83 нафар кӯдакон хатнатӯйи карда шуда, 11 ҷуфт тӯйи арӯсиву домодӣ гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботи бо мақсади фаҳмондадиҳии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2017 баён дошта буданд, аз тарафи гурӯҳи таблиғотӣ дар ноҳияи Шаҳристон корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт.

Ба гурӯҳи таблиғотӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Иброҳим, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайналобидин Кобулиев, директори парки технологии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фаридулло Убайдуллоев, судяи суди иқтисодии вилояти Суғд Ниёззода Мирзо, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифзода М, мудири шуъбаи дастгирии соҳибкории вилоят Ҷалолов А., як қатор роҳбарони масъули сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил буданд.

Аз тарафи гурӯҳи таблиғотӣ санаи  9 январи соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон бо иштироки роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг, раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайналобидин Кобулиев, директори парки технологии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фаридулло Убайдуллоев ва судяи суди иқтисодии вилояти Суғд Ниёззода Мирзо оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуданд.

Инчунин, чунин вохӯрӣ санаи 9 январ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 бо иштироки омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия, санаи 10 январ дар толори муассисаи таълимии «Литсейи касбии саноатӣ - кишоварзӣ»-и ноҳия бо иштироки ҳайати муҳандисию омӯзгории муассиса, дар толори беморхонаи марказии ноҳия бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и деҳаи Ваҳдат бо иштироки сокинони деҳаҳои Ваҳдат, Бӯстон ва Бакробод, санаи 11 январ дар толори Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бо иштироки сокинони деҳаҳои Ҳисор, Себзор, Гулистон ва Навкент, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и деҳаи Чашмасор бо иштироки сокинони деҳаи Чашмасор, дар толори хонаи фарҳанги деҳаи Ободӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Ободӣ, Саробӣ ва Суғдиён ва санаи 12 январ дар толори хонаи фарҳанги маркази ноҳия бо иштироки сокинони деҳаҳои Шаҳристон, Истиқлол, Турсунзода ва Фирдавсӣ доир гардида, аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ, аз он ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия низ вобаста ба мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат баромад намуданд.

Дар вохӯриҳои доиргардида дар маҷмуъ 1791 нафар сокинони ноҳия ширкат варзида, таассуроти хуб гирифтанд.

Аз тарафи сокинони ноҳия оиди сохтмони обанбор, бо назардошти рушду нумӯи ноҳия ва бо қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ ба талаботи шаҳрак монандӣ доштани деҳаи Шаҳристони маркази ноҳия ва ба категорияи шаҳрак ҷавобгӯй будани он чунин пешниҳод карда шуд, ки барои ба категорияи шаҳрак дохил намудани деҳаи Шаҳристони маркази ноҳия мусоидат карда шавад.

Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ки тибқи фарамони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду соли минбаъда эълон кардани мораторий ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коорупсия ва Бонки миллӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи гузаронидани вохӯриҳо бо соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон, сатҳи касбият ва малакаи онҳо моҳи феврали соли ҷорӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Аз ҷумла санаи 20 феврали соли ҷорӣ бинобар саҳми арзишманди соҳибкорон дар рушди иқтисодиёти вилоят мулоқоти иҷрокунандаи раиси вилоят бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид.

Дар толори Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии вилоят ва ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шуда буд. Дар ин мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода суханронии пурмуҳтаво намуда, саҳми соҳибкоронро дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ, ба хусус вилоят шоиста арзёби намуд. Мулоқот дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаккули минбаъдаи муколамаи озод байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷараён гирифт. Ҷиҳати дастгирии сиёсати иқтисодии давлатӣ ва саҳми амиқ дар раванди пешрафти мамлакати соҳибистиқлоламон аз ҷумла вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибкорон изҳори миннатдорӣ намуда аз дастовардҳои солҳои охир ёдовар гашт. Ҳамзамон соҳибкорон ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят дархосту пешниҳодҳои худро бобати боз ҳам рушду тавсеъа додани соҳибкорӣ изҳор доштанд.

Санаи  28 феврали соли 2018 соати 9-00 дар МД “Кохи Рӯдакӣ” шаҳри Хуҷанд  миззи мудаввар оиди “Рушди экосистемаи иноватсионӣ соҳибкорӣ дар вилояти Суғд”, ки аз тарафи Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда истодааст, баргузор гардид.  Миззи мудавварро сардори Раёсат ҳусни оғоз намуда, роҳбарияти БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташкили чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Кормандони Раёсат санаҳои 27-31 марти соли 2018 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯҳои “Шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкорӣ, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба соҳибкорону сармоягузорон”, тибқи барқияномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2018 таҳти №4-4А\118 бо теъдоди 200 нафар соҳибкорон гузаронида шуд.

Баҳри иттилоотонии соҳибкорон оид ба масъалаҳои ташкил ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бо истифода аз имкониятҳои муосири иттилоотӣ дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят телефони боварӣ 4-65-64 ва сомонаи интернетӣ www.sugdinvest.tj амал мекунад, ки дар он фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати ҳамкорӣ бо соҳибкорон, ташкил ва гузаронидани вохӯриҳои соҳибкорон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои соҳибкорӣ инъикос карда мешавад.

 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla