6 ва 7 июли соли 2018 Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” доир мешавад PDF Печать E-mail

Бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир рӯзҳои 6 ва 7 июли соли 2018 дар иншоотҳои Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд аз 9 марти соли 2018, №79 ба тасвиб расид.

Дар доираи Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи “Нерӯи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ” ва озмуни вилоятии “Маҳсулоти беҳтарин” низ дар назар дошта шудааст.

 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla