Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори ширкати чинии “Ли Сзя Инвестмент” Ли Жангуан PDF Печать E-mail

Рӯзи 28 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода директори ширкати чинии “Ли Сзя Инвестмент” Ли Жангуанро ба ҳузур пазируфт .

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни дубора ба кор андохтани Комбинати маъдантозакунии “Адрасмон” мубодилаи афкор намуданд ва роҳбарияти ширкати чинии “Ли Сзя Инвестмент” омодагии худро барои фаъол намудани Комбинати маъдантозакунии “Адрасмон” баён дошт.

Тавре дар рафти суҳбат қайд гардид, Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон»-и шаҳри Гулистон аз соли 2013 инҷониб аз фаъолият боз монда, бо сабаби муфлисшавӣ корхона ба тобеияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаааст.

Дар рафти мулоқот гуфта шуд, ки аз ҷониби мутахассисони чинӣ ташхиси конҳои Кони Мансури шарқӣ ва Кони Мансури ғарбӣ гузаронида шудааст. Тибқи хулосаи мутахассисон барои фоидаовар шудани корхона ҳаҷми истеҳсолот бояд 3 баробар зиёд карда шуда, истихроҷи маъдан ва коркарди он аз 500 ҳазор то ба 1,5 милион тонна расонида шавад. Барои амалӣ шудани ин иқдом навсозии таҷҳизоти  корхона зарур аст. Дар сурати иҷрои корҳо дар Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» 1500 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди корхонаҳои азими саноати куҳӣ ва истихроҷи маъдан ёдовар гардид. Дар ин замина гуфта, шуд, ки бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар вилояти Суғд якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст, ки саҳми Ҷумҳурии мардумии Чин дар ин ҷода назаррас мебошад.

Роҳбарияти ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» аз имкониятҳои фароҳамшуда ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои дубора фаъол намудани Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баён дошт.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» яке аз ширкатҳои муваффақ  буда, корхонаҳои худро дар самти истихроҷи маъдан дар кишварҳои дуру наздик  фаъол гардонидааст.

 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

pg-up.ru

Joomla