Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:103
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:414
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2644
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2980
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9570
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:15983
mod_vvisit_counterҲамагӣ:290344

Мо дар Facebook



Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточиро ба ҳузур пазируфт. Муфассал...

Боздиди кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз вилояти Суғд

Рӯзҳои 17 - 18 майи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят идома дорад, ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Муфассал...

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус

Нимаи дуюми рӯзи 15-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ кард.

Дар намоишгоҳ наздики 150 корхонаю ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Беларус номгӯи зиёди молу маҳсулот, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, мебел ва коркарди чӯб, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маишӣ, илм ва технология, саноати мошинсозӣ, техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба маъраз гузоштаанд.

Муфассал...

Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд

Санаҳои 8 – 9 майи соли 2018 ба вилоят ҳайати сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бобати иштирок дар Форуми муштараки сармоягузорӣ бо иштироки доираҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории вилояти Суғд ташриф оварданд. Боиси зикр аст, ки сафари меҳмонон тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд сурат гирифта, онҳо ба ҷойҳои таърихӣ, табиати зебо ва манзараҳои дилфиреби вилоят аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Санаи 9 май дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар форум Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, имкониятҳои содиротӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ маълумот дод. Раиси вилоят таъкид дошт, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд барои рушди соҳикорӣ, вусъати ҳамгироӣ бо шарикони рушд ва созмонҳои молиявӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

- Боварӣ дорам, ки баргузории форуми муштарак ба таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ мусоидат хоҳад намуд ва шартномаҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд ба имзо мерасанд, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар форум Директори департаменти робитаҳои байналмилалии шартномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ал – Мифқӣ Бадр Муҳаммад, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ низ суханронӣ намуда, доир ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ, густариши равобити судманд ибрози андеша намуданд.

Дар форум муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Мумин, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал – Бадӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Зарробиддин Қосимӣ ширкат варзиданд.

Меҳмонони форум аз ярмарка – намоиши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии вилоят дидан намуда, бахусус ба маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву муфид, меваву сабзавоти кишоварзони вилоят ва обҳои нӯшокии ширини ватанӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд.

Ҳамзамон, иштирокдорони форуми муштарак аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», маҷмааи миллии «Оши палов», маҷмааҳои таърихӣ – фарҳангии Истиқлол» ва «Боғи Камоли Хуҷандӣ», осоишгоҳи «Баҳористон» ва як қатор корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ дидан намуданд.

 

Манбаъ : Сомонаи расмии Раиси вилояти Суғд

Муфассал...

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Конибодом

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома дорад.

Рӯзи 28 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншоот шинос шуд. Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо рафти сохтмони бинои нави мактаби рақами 29-и деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ошно гардид.

 

Бинои нави мактаб тибқи лоиҳа аз 3 ошёна иборат буда, дорои 22 синфхона, утоқҳои фанниву ҳунаромӯзӣ, ошхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бинои асосии мактаб барои 580 хонанда солҳои 80-уми асри гузашта бунёд гардида, айни замон дар он беш аз 1200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти зиёд гардидани сафи хонандагон ва ҳолатии садамавии бинои кунунии мактаб бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои наву замонавӣ бунёд гардида истодааст.

Муфассал...
Previous
Минбаъда
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Конибодом PDF Печать E-mail

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома дорад.

Рӯзи 28 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншоот шинос шуд. Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо рафти сохтмони бинои нави мактаби рақами 29-и деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ошно гардид.

 

Бинои нави мактаб тибқи лоиҳа аз 3 ошёна иборат буда, дорои 22 синфхона, утоқҳои фанниву ҳунаромӯзӣ, ошхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бинои асосии мактаб барои 580 хонанда солҳои 80-уми асри гузашта бунёд гардида, айни замон дар он беш аз 1200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти зиёд гардидани сафи хонандагон ва ҳолатии садамавии бинои кунунии мактаб бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои наву замонавӣ бунёд гардида истодааст.

 

Аснои боздид ба роҳбари вилоят  иттилоъ доданд, ки то ин дам аксари корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст ва дар сохтмон 70 нафар машғули коранд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчӣ ПМК-44 мебошад.

Соли равон кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Конибодом низ соҳиби бинои зебову замонавӣ хоҳанд шуд. Айни замон сохтмони бинои хизматӣ идома дошта, тибқи лоиҳа он аз ду ошёна иборат аст.  Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур дод, ки ба сифати корҳо диққати махсус дода, барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани бинои сохташаванда чораҷӯӣ намоянд.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳр Раиси вилоят таъкид кард, ки ободонии мавзеъ барои истироҳату фароғати сокинони Конибодом мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, сохтмончиёнро зарур аст, ки ба сифати корҳо ва сарсабзу зебо намудани майдон ва атрофи он чораҷӯӣ намоянд. Дар ин майдон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Шоҳ Исмоили Сомонӣ муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон гузошта хоҳад шуд. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчӣ ҶДММ “СМС” мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар мавзеи Пойменная бо рафти амалисозии лоиҳаи таъмини Конибодом бо оби нӯшокӣ шинос шуд. Бояд гуфт, ки таъминоти об барои сокинони шаҳр масъалаи муҳим буда, ҷиҳати бартараф намудани ин танқисӣ бо дастирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мусоидати молиявии  Бонки Аврупоӣ аз пойгоҳи обкашии Пойменная то шаҳри Конибодом ба масофаи 11 километр хати об кашида мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур кашидани қубурҳои хати об идома дорад. Ҳангоми шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот сокинони кӯчаҳои  ба номи С. Айнӣ, Бобокалонов, Ҷавонон, Ленин, Ниёзмуҳаммедов ва Камоли Хуҷандӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.

Соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба минтақаҳои туристии вилоят чун дигар шаҳру ноҳияҳо дар Конибодом низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳр бунёди меҳмонхонаи замонавӣ ва як тӯйхона идома дорад. Рафти корҳои сохтмонии ин иншоот мавриди таваҷҷуҳи Раиси вилоят қарор гирифт ва роҳбари вилоят дар аснои боздид масъулинро ҷиҳати суръат бахшидани корҳо вазифадор намуд.

Рафти таъмиру таҷдиди варзишгоҳи марказии шаҳри Конибодом низ мавриди таваҷҷуҳи роҳбари вилоят қарор гирифт. Хотирнишон бояд кард, ки бо мақсади ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят варзишгоҳи “Ҷавонӣ” мавриди таҷдид қарор дорад. Бо анҷоми корҳои навсозӣ варзишгоҳ дорои 10 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад шуд. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз боздид ба масъулину сохтмончиён дастур дод, ки ба корҳои сохтмонӣ суръат бахшанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо рафти таҷдиду навсозии роҳи нақлиётгарди Конибодом – Патар низ ошно шуд. Лоиҳаи мазкур бо саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ ва фармоиши Вазорати нақлиёт амалӣ мешавад.

Манбаъ : Сомонаи расмии Раиси вилояти Суғд

 

Сомонаи мазкур бо дастгирии Барномаи Рушди Иқтисодии деҳот (RGP),

ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID),

Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (БРСММ)ва Ҷамъияти Олмон

оид ба Ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) GmbH» дар вилояти Суғд амалӣ мешавад,

омода шудааст.

Joomla