Print this page
Воскресенье, 27 декабря 2020 00:00

Ҷаласаи чоруми Шўрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

Rate this item
(0 votes)

23 декабр дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи чоруми Шўрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шўро, роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатии вилоят, бизнес - ассотсиатсияҳо, соҳибкорон ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун  ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат масъулинро водор мекунад, ки баҳри ноил гардидан ба ҳадафи мазкур, яъне “Саноатикунонии босуръати кишвар” тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Сипас, оид ба фаъолияти Шўро ва натиҷаҳои ҷаласаи сеюми Шўро гузориши котиби Шўро Шарифҷон Ахмедов шунида шуда, дар рафти ҷаласа аъзои нави Шӯро, низомномаи Шўро дар таҳрири нав, нақшаи кории Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон намояндани Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон Фирўз Саидхоҷаев лоиҳаи “Мусоидат ба бартараф намудани таъсири иқтисодии COVID-19 тавассути беҳтар намудани шароити зиндагӣ, имкониятҳои шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона”-ро, ки якҷо бо Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят омода шудааст, муаррифӣ намуд.

Дар охир дар назди масъулин баҳри иҷрои вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони вилояти Суғд бо истифода аз имконоти мавҷуда дастовардҳои худро боз ҳам бештар мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Read 325718 times Last modified on Понедельник, 28 декабря 2020 08:53

Latest from Super User

178979 comments